Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Э. Райс ва Ҷ. Траут менависанд, ки молҳои маълум дар фаҳмиши истеъмолкунанда мавқеи махсусро мегиранд.

Барои он ки моли корхона мавқеъ ёбад бояд, ки яке аз се стратегияро истифода кунад:

  1. Стратегияи мустаҳкамкунии мавқеи худ дар фаҳмиши истеъмолкунанда.
  2. Стратегияи ёфтани ҷои холӣ дар бозор ва мавқеъ додани мол дар он, яъне ёфтани истеъмолкунандаи нав.
  3. Стратегияи танг карда баровардани мавқеи рақибон. Асосан бо воситаи рекламаҳое, ки истеъмолкунандаро маҷбур созад, ки ӯ ба сифати моли рақиби Шумо шубҳа пайдо карда, моли шуморо харидорӣ кунад.

Барои кор кардани стратегияҳои номбаршуда ҳар як ташкилот бояд, ки муайян намояд, чӣ миқдор нишондиҳандаҳо зарур аст. Аксари маркетингологҳо хосияти ягонаи асосии молро ҷудо мекунанд. Масалан барои ташкилоте, ки дандоншӯй мебарорад, хислати «табобати»-и ин мол бояд асоси ташвиқот бошад, дигар хислатҳои молҳоро ба монандӣ «сифати беҳтарин», «суръати тез», «нархи пасттарин», «бехатарии максималӣ», «мувофиқи дили шумо» доро бошад.

Аксари мутахассисон мавқеъгириро аз рӯи як нишондиҳанда муқаррар карда, пешбинии мавқеъгириро аз рӯи се нишондиҳандаҳо пешниҳод мекунанд.
Мисол, ба дандоншӯяк сифати «сафед кардани дандон», «табобати он» ва «муддати зиёд нигоҳ доштани нафаси тоза» марбут дониста мешавад.
Харидорони се навъи хоҳиш метавонанд, ки мизоҷ шаванд.

Аз дигар тараф барои муайян кардани стратегияи мавқеъгирии мол менеҷменти корхона бояд, ки харитаи қабулу хоҳишҳоро дошта бошад, ки аз якчанд унсурҳо иборат мебошанд. Асосан стратегияи мавқеъгириро аз рӯи равандҳои зерин ташкил кардан мумкин аст:

  1. Мавқеъгирӣ аз рӯи ҳаҷм ва вақти вуҷуд доштани корхона.
  2. Мавқеъ аз рӯи бартарият. Корхона аз рӯи ягон нишондиҳанда нисбат бо дигар рақибони худ пешравӣ дорад.
  3. Мавқеъгирӣ аз рӯи истифодабарӣ. Мисол, боғи ботаникии шаҳри Душанберо аксарияти мизоҷон бо мақсади дамгирӣ истифода мебаранд.
пешина
аз 512
навбатӣ