Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти бозори харидорони корчаллон дар он мебошад, ки миқдори ками харидорон моли зиёдеро харидорӣ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки бозори институтсионалӣ ва давлатӣ хусусиятҳои хоси худро доранд, ки аз талаботи он дигар шакли бозорҳо фарқ мекунанд. Талаботҳо дар асоси фармоишоти давлатӣ, вобаста аз стратегияи пешгирифтаи давлатӣ сурат мегирад.

21.3. Коркарди стратегияи маркетингин менеҷмент

Ҳар як мол ба дараҷаи муайян ба талаботи истеъмолкунанда мувофиқ кунонида мешавад. Бинобар ин корхонаҳо вобаста ба категорияҳои зерин истеҳсоли мол ва хизматрасониро мувофиқат мекунонанд:

  1. Зарурият. Фарқияти диққатҷалбкунанда барои аксари харидорон.

  2. Такрорпашнаванда. Ин нишондиҳанда дар молҳои рақибон дида намешавад ва ё ширкат дар шакли махсуси худ пешниҳод менамояд.

  3. Бартарият. Ин фарқият аз дигар шаклҳои қаноатмандӣ фарқ мекунад.

  4. Бартарияти мартабаи якум. Бо чунин сифат якумин маротиба бароварда шудааст ва касе аз рақибон то ҳол истеҳсол накардааст.

  5. Қабулшаванда. Харидор бояд барои тағйирот тайёр бошад, ки маблағ супорад.

  6. Даромаднокӣ. Барои иттиҳодия тағйироти бамаврид самаранок мебошад.

Вобаста аз талаботҳои дар боло қайдкардашуда моли корхона ба талаботи истеъмолкунанда мувофиқ кунонида мешавад.

Чунин ҳолатро дар илми менеҷмент «мавқеъгирӣ», ё худ «мавқеъдорӣ»-и мол номидаанд. Оиди ин масъала олимони зиёде кор кардаанд, махсусан мутахассисони бахши реклама Эл Райс ва Чек Траут1.

Мавқеъгирӣ аз маҳсулот, мол, хизматҳо, иттиҳодияҳо ва шахсиятҳо сар мешавад. Мавқеъгирӣ ин таъсири моли шумо дар фикрронии истеъмолкунанда аст. Яъне шумо моли худро дар фаҳмиш, ё худ завқи харидор ҷой мекунонед.

1 Райс Э., Траут Дж. Маркетинговые войны. - СПб., 2000.

пешина
аз 512
навбатӣ