Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
DETAILR — моделӣ, ки агенти тиҷоратро оид ба муайян кардани таклифоти мизоҷони асосӣ кӯмак мерасонад.
GEOLINE — моделӣ, ки тиҷорат ва хизматрасониро муайян карда, се шарти қоидавии зеринро таъмин месозад.
Нақшаи баробари тиҷоратӣ, ягонагии ҳудудӣ ва сарҷамъӣ.
MEDIAC — моделӣ, ки ба банақшагирии корҳои реклама ва кори ВАО нишонагирӣ дорад.
ROMATER — пешравии фурӯшро дар асоси нишондиҳандаҳои воқеӣ фаро мегирад.
ACAD — мақсадҳои гуногуни маркетингӣро муайян мекунад.
Давраи ҳафтум ҷамъбасти усулҳои ояндабинӣ ва андозагирии талабот. Яке аз мақсадҳои асосии тадқиқоти маркетингӣ, муайян кардани имконоти бовории ташкилот мебошад. Баъди гузаронидани тадқиқот, ташкилотҳо, пеш аз он, ки бозори худро интихоб менамоянд, бояд менеҷменти корхона ҳар яки имконотҳоро пурра санҷида, фоида ва зарарро пешакӣ муайян карда, баъд қарори зарурӣро қабул намояд.
Ояндабинии фурӯши мол барои тамоми шӯъбаҳои корхона зарур мебошад. Мисол, шӯъбаи молиявии корхона барои муайян кардани воситаҳои гардони он, ашёи хом ва материалҳо, инчунин муайян кардани ҳаҷми маблағгузории сармоявӣ. Барои муайян кардани ҳаҷми фурӯши мол зарур мебошад, ки ҳаҷми талабот ба фурӯши мол муайян карда шавад. Менеҷерон бояд хуб бифаҳманд, ки «талаботи бозор» гуфта чиро меноманд.
Ченаки талаботи бозор
Қисми ҷудонашавандаи раванди банақшагирӣ баҳои гуногуни ҳаҷми бозор мебошад. Дар расми 8 шаклҳои гуногуни талаботи бозор нишон дода шудааст.
Баҳои ҳар яке аз ин дараҷаҳо барои мақсадҳои гуногун муайян карда мешавад.
Маркетологҳо оид ба бозори соҳибқудрат, имконпазир, хизматрасон ва бовори нав фикрҳои худро баён мекунанд.
Талаботи бозор ба мол миқдори молҳоест, ки эҳтимол аз тарафи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон муайян, дар вақти муайян, дар минтақаи муайян, бо нархи муайян, дар асоси барномаи маркетингии харидорӣ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё