Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар марҳилаи якум ба менеҷер доир ба
маркетинг зарур аст, ки пурра ва аниқ
масъалагузорӣ намуда, мақсади тадқиқотро
муайян намоянд.

Марҳилаи дуюм ин коркарди нақшаи
самараноки ахбори зарурӣ. Пеш аз ҳама
менеҷер доир ба маркетинг бояд буҷаро муайян
намояд. Яъне хароҷоти тадқиқот бояд аз
фоидаи соҳибкорӣ зиёд набошад.

Коркарди нақшаи тадқиқот талаб мекунад,
ки сарчашмаи ахбор, усули ҷамъоварӣ ва
таҳлили он нишон дода мешавад.

Марҳилаи сеюми тадқиқот ҷамъоварии ахбор буда, аз ҳама хароҷоти бисёр ва дониши баланд талаб мекунад. Чунки ахбори хато умуман ба хато шудани пешниҳодҳо оварда мерасонанд.

Марҳилаи чорум ин таҳлили ахбор. Дар ин давра аз усулҳои оморӣ, риёзӣ, коррелятсия ва дигар системаҳо истифода мекунанд.

Марҳилаи панҷум Баъди ба анҷом расидани тадқиқот натиҷаи он бо шахсони ҳавасманд натиҷагирӣ бояд шавад, ки он бояд мушаххас ва аниқ бошад.

Марҳилаи шашум системаи таъминоти қарори маркетингӣ. Барои он ки ба менеҷерони бахши маркетинг кӯмак намоянд, корхонаҳо системаҳои гуногуни таъмини қарори маркетингиро ташкил мекунанд. Менеҷерони компанияҳои амрикоӣ моделҳои гуногуни қабули қарорро истифода мекунанд, ки ба таври зайланд:

BRANDAID - модели созандаи маркетинг — микс, ки нишонагирӣ ва таваҷҷӯҳ ба молҳои истеъмолии дар қуттӣ ҷойкардашуда бештар аст ва инчунин реклама, нархгузорӣ ва рақобатро дар бар мегирад.

CALLPEAN - моделе, ки миқдори дархости зарурӣ барои ҳар як агенти тиҷоратӣ ва мизоҷони пурқудрату муҳим ба назар гирифта мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ