Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ин мутахассиси берунаро даъват мекунанд.

  1. Ташкилот метавонад маълумотро аз рақибони худ гирад, маҳсулоти онҳоро харида дар намоишгоҳҳо иштирок намоянд.

  2. Ташкилотҳо метавонанд, ки аз ҳисоби таҷрибаи харидорони худ гурӯҳи мушоваравӣ ташкил карда, баъди 6-моҳ, ё 1 сол вохӯриҳо гузаронида, фикру ақидаи онҳоро қабул намоянд.

  3. Ташкилот метавонад, ки ахбори маркетингӣ ва дигар ахборҳоро аз ташкилотҳои махсусгардонидашуда харида гирад. Ташкилотҳои махсусгардонидашуда, тадқиқотҳои худро мегузаронанд, ки нисбати тадқиқоти корхона хеле арзон ва касбӣ тайёр карда мешаванд.

  4. Ширкатҳои калонтарин марказҳои калони ахбории маркетингии худро доранд, ки масъалаҳои ҷамъоварӣ ва тақсимоти мушоҳидаҳои ҷорӣ барои муҳити бозорро доранд. Онҳо ахборро ҷамъ карда, гурӯҳбандӣ карда, нигоҳ дошта ба менеҷерони касбӣ тақсим мекунанд.

  5. Системаи тадқиқотҳои маркетингӣ. Ба менеҷерон доир ба маркетинг супориш медиҳанд, ки тадқиқотҳои маркетингӣ оид ба омӯзиши масоилҳо ва имконотҳои корхона гузаронанд. Яъне тавсифи умумии бозор, ояндабинии фурӯш, реклама дар минтақа ва берун аз он.

Ташкилот бо роҳҳои гуногун метавонад, натиҷаи тадқиқоти маркетингиро гирад. Аксари корхонаҳои калон тадқиқоти сохторҳои таркибии худро доранд. Корхонаҳои хурд бошанд шӯъбаҳои хурди тадқиқоти маркетингӣ доранд. Буҷаи тадқиқоти маркетингӣ 1-2% ҳаҷми фурӯши маҳсулоти корхонаро ташкил медиҳад. Ташкилоте, ки барои тадқиқоти маркетингӣ махсус гардонида шудааст, ба 3 категория ҷудо мешавад:

  1. Ширкатҳое, ки дар шакли худмухтор кор карда, маълумотҳоро оид ба мол ва хизматҳо ҷамъ карда, онҳоро коркард намуда, баъд мефурӯшанд.

  2. Ширкатҳое, ки аз рӯи фармоишоти мизоҷон кор мекунанд. Барои хизматрасонӣ ва ин ширкатҳо корхонаҳо аз рӯи лоиҳаҳои махсус муроҷиат карда, хизмате, ки корхона иҷро мекунанд, баъди қабули иҷроиши фармоиш моликияти корхонаи фармоишдода мегардад.

  3. Ширкатҳои махсусгардонидашуда. Самаранокии тадқиқоти маркетингӣ панҷ қадами пайдарпайро фаро мегирад.

пешина
аз 512
навбатӣ