Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсади асосии ояндабинии бозор - баҳодиҳии оянда, ё худ дараҷаи баланди талабот аст. Барои муайян карда шудани дараҷаи талабот, хароҷотҳои маркетингӣ низ бояд ба инобат гирифта шаванд.

Қудрати бозорӣ дараҷаест, ки талабот ба он дар шароити хароҷотҳои бемайлони маркетингӣ дар муҳити бозорӣ ҳаракат дорад.

Талабот ба моли иттиҳодия қисми талаботест, ки ба моли ҳамин ташкилот дар давраҳои гуногуни хароҷотҳои маркетингӣ рост меояд.

Ояндабинии фурӯши мол ҳаҷми фурӯши моли ташкилот дар оянда аст, ки дар асоси ҳолатҳои гуногуни бозор ва нақшан маркетингӣ муайян шудааст.

Баҳои талаботи ояндаи молҳо ва хизматрасонии корхонаҳо аз се давра иборат мебошад:

  1. Коркарди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ.
  2. Ояндабинии инкишофи соҳа.
пешина
аз 512
навбатӣ