Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Талаботи бозор гуфта, на зарурӣ, балки қобилияти харидории одамонро мегӯянд. Мисол, одамони зиёде ҳастанд, ки хоҳиш ё зарурати мошин харидан доранд, аммо на ҳама имкони харидорӣ дорад.

Молҳо ва таклифоти бозор. Молҳо талаботи бозорро қаноатманд мекунанд. Мол — гуфта ҳамаи он чизеро меноманд, ки барои таъмин кардани талабот ва зарурати он лозим аст.

Молҳои ба бозор пешниҳодмешударо дар забони менеҷмент, ки таклифот мегӯянд, дар ду шакл, яъне маҳсулотҳо ва хизматҳо, ё ақидаҳо пешниҳод мешаванд.

Арзиш ва қаноатмандгардонии талабот. Мол ё худ таклифот ҳамон вақт муваффақиятро соҳиб аст, ки агар барои таъминоти мақсаднок арзиш дошта бошад. Харидор ба фаҳмиши худ такя карда молеро интихоб мекунад, ки арзишҳои баландтар дорад. Арзишҳо гуфта, қаноатмандиеро меноманд, ки харидор ба он эҳтиёҷ дорад ва мол қобилияти додани онро дорад.

Мубодила ва трансакция. Инсонҳо метавонанд, ки моли ба ӯ зарурро бо 4 роҳ ба даст орад:

  1. Худаш истеҳсол менамояд.
  2. Бо воситаи зӯроварӣ.
  3. Бо роҳи гадоӣ.
  4. Бо роҳи мубодила.

Маркетинг дар ҳолате пайдо мешавад, ки агар одамон талаботашонро бо роҳи мубодила таъмин намоянд.

Барои он ки мубодила барқарор гардад, панҷ шарти зерин зарур аст:

  1. Мавҷуд будани камаш ду тараф.
  2. Дар ҳар ду тараф мавҷуд будани чизе, ки барои дигар арзиш дошта бошад.
  3. Ҳарду тараф барои ҳамкорӣ ва мубодилаи мол тайёр бошад.
  4. Ҳар як тараф ҳақ дошта бошад, ки пешниҳодро оид ба мубодила қабул кунад ё не.
  5. Ҳар як тараф ҳисоб мекунад, ки таклифот ва ҳамкорӣ имконпазир ва самаранок аст.
пешина
аз 512
навбатӣ