Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Иҷроиши мубодила аз он, ки то чӣ андоза тарафҳо ба шартҳо ва шароитҳои он ризо мебошанд вобаста аст. Қайд бояд кард, ки дар мубодила хариду фурӯш на ҳама вақт бо воситаи пул гузаронида мешаванд, балки бо роҳи ивази мол низ гузаронида мешаванд.

Маҷрои маркетингӣ. Барои он, ки таъсири худро ба бозорҳои мақсаднок расонанд, субъектҳои бозор аз се шакли маҷрои маркетингӣ истифода карда мешавад.

  1. Маҷрои коммуникативӣ, ки ахборро таъмин менамоянд. Газета, журнал, почта, телефон, реклама, радио ва интернет.

  2. Маҷрои корчалонӣ, бо воситаи агентҳои худ, телефонҳои бепул, почтаҳои электронӣ. Бояд қайд кард, ки намояндаи ширкат бояд шахси сару либоси зебодошта, маълумотдор ва зебо бошад.

  3. Маҷрои тақсимот ва хизматрасонӣ — воситаҳои нақлиёти нигоҳдорӣ.

  4. Маҷрои фурӯши мол. Харидор, бахшҳои тиҷоратӣ.

Рақобат, гуфта муборизаро дар бозори молҳои якранги корхонаҳо, мақсади ҳар чӣ зиёд фурӯши молро меноманд.

Чор дараҷаи рақобат ҷудо карда мешаванд:

  1. Рақобати тамғаи савдо.

  2. Рақобати соҳавӣ.

  3. Рақобати расмӣ.

  4. Рақобати бавосита.

Муҳити маркетингӣ — аз муҳити вазифаҳо (муҳити дохила) ва муҳити беруна иборат аст. Муҳити дохила ва берунаро мо дар мавзӯи муҳити корхонаҳо васеъ гуфта гузаштаем.

Комплекси маркетингӣ. Барои он, ки ташкилот ба муваффақиятҳо соҳиб шавад, корхонаи истеҳсолкунанда воситаҳо ва дастгоҳҳои гуногунро истифода мекунад.

Консепсияи нишонгарӣ ба бозори маркетинг. Мо муайян намудем, мазмуни иқтисодии маркетинг дар менеҷмент ҳамчун ҳаракати мақсаднок барои гирифтани натоиҷи муайяни мубодила дар бозорҳои мақсаднок аст. Маълум аст, ки асоси маркетингро бояд фалсафаи самаранок ва масъулияти иҷтимоии фаъолият ташкил намояд.

пешина
аз 512
навбатӣ