Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Субъекти фаъоли бозор ва харидорони оянда. Субъекти фаъоли бозор, ин фурӯшанда - шахсе, ки ҷавобҳо, овозҳо, субсидия ва ғайраро аз тарафи харидор интизор аст. Агар ин ду тараф чизеро бо якдигар фурӯшанд, мо субъектҳои бозорро фаъол менамоем.
Зарурият, талабот ва таклифот. Барои субъектҳои фаъоли бозор чизи аз ҳама зарур ин ахбор оиди зарурият, талабот ва таклифоти бозор мебошад.
Зарурияти одамон - хоҳиши талаботро ҳатман таъмин кардан аст. Ғайр аз ин бар одам зарурияти хӯрок, либоспӯшӣ, дамгирӣ, маълумот ва ягон фаъолияти варзишӣ, ё дигар зарур аст. Зарурият ба хӯрокӣ низ вобаста аз анъана, урфу одати миллатҳо гуногун мешаванд. Мисол, мардуми американ таъмини зарурияти хӯрокро дар гамбургер ва картошкабирён, мардуми тоҷик бошад дар шӯрбо, шакароб, оши палав мебинанд. Аз тарафи дигар интихоби хӯрок аз рӯи дараҷаи гуруснагии одамон низ мебошад, ки инро мо алоҳида мебинем.
Аслан талаботҳои одам аз рӯи таъсири қувваҳои ҷамъиятӣ муайян мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё