Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
маркетинги тиҷоратӣ намояндаи соҳа молтаъминкунандагон ва харидорон ҳамчун унсури бозор муаррифӣ мешаванд.
-
Коммуникатсия
-
Соҳаҳо
(гурӯҳи тоҷирон) -
Мол ва хизматҳо
-
Пул
-
Ахбор
-
Бозор
(гурӯҳи харидорон)
Расми 1. Системаи оддии маркетингӣ.
Дар расми нишондодашуда муносибатҳои фурӯшанда ва харидорон ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
- Коммуникатсия.
- Мол/хизматҳо.
- Мубодилаи ахбор.
Иқтисоди имрӯза аз бозорҳои зиёде иборат мебошанд. Асосан шаш гурӯҳи бозорҳои асосӣ ва табақаҳои пайвасткунандагон дар расми 2 оварда шудааст. Имрӯзҳо бозорро ҳамчун ҷой ва ҳамчун муҳит меомӯзанд.
Бозор ҳамчун ҷой, категорияи моддӣ ва нуқтае, ки ба мо дастрас буда,
мо барои хариди мол ба он равона ҳастем ба монанди мағоза, бозори мошин,
бозори хӯрока, мурғ, саг, гов ва ғайра дониста мешавад.
Бозор ҳамчун муҳит категорияи куллан дигари рақамӣ мебошад, ки бо ин гуна бозор мо бо воситаи хати электронии «Интернет» ворид шуда, харидорӣ мекунем.
Дар ҳолате ки дар боло овардем, аллакай истеъмолкунанда дар як муҳити васеи маркетингӣ бо воситаи хати интернет маълумот гирифта, баъд аз он ба қароре меояд, ки аз куҷо харидорӣ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё