Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тақсимоти ақидаҳо, мол ва хизматҳо мебошад, ки барои мубодила, қаноатмандгардонии мақсадҳои инфиродӣ ва ташкилот равона карда шудааст.

Идоракунии ҷараёни мубодила талаботи зиёди қувва ва кордонии баландро талаб мекунад. Маркетинги идоракунӣ дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ки агар яке аз тарафҳо дар мубодилаи қудрати худ воситаи ба мақсад расиданро кор карда истифода мебарад.

Мо маркетинги идоракунро ҳамчун санъат ва наму интихоби бозори мақсаднок, нигоҳдорӣ ва ҷалб намудани истеъмолкунандагони нав бо роҳи ташкил, таъминот ва коммуникатсия доир ба арзишҳои баланди интихоби муаррифӣ мекунем.

Барои дуруст сарфаҳм рафтани маркетинг моро зарур мебошад, ки якчанд концепсияҳои асосии онро дида бароем.

  1. Бозорҳои мақсаднок ва сегментатсия. Маълум аст, ки як ташкилот ҳеҷ вақт наметавонад ҳамаи он талаботҳоро, ки дар бозор вуҷуд доранд таъмин намоянд.

Аз тарафи дигар ҳар яке мо нӯшокии дӯстдоштаи худ, меҳмонхона, тарабхона, тамғаи мошин, донишгоҳ ва ғайра дорем. Бинобар ин саршавии тамоми истеҳсолот, ин сегментатсияи бозор мебошад. Аниқ кардани сифатҳои унсурии сегментии бозор дар асоси фарқиятҳои демографӣ, рӯҳӣ, географӣ, рафторӣ ва миллии харидорон мебошад. Баъд аз он менеҷери ширкат бояд аниқ менамояд, ки кадоме аз сегментҳо барои корхона ояндадор аст ва корхона кадом талаботҳоро хеле хуб қонеъ карда метавонад.

Барои ҳар як бозори мақсаднок, ташкилот таклифоти бозорӣ пешниҳод менамояд, ки асосашро фоидаи корхона, ки бояд ба даст орад, ташкил мекунад. Мисол компанияи Volvo модели нави автомобилро барои харидороне, ки бехатарӣ аз ҳама талаботи асосӣ мебошад, пешниҳод намуд. Аз рӯи ин нишондиҳанда дар бозори автомобил Volvo ҷои аввалро ишғол карда, дар натиҷа харидорони зиёдеро соҳиб мегардад.

Таърихан «бозор» гуфта ҷой, ё майдонеро меномиданд, ки тоҷирон барои харидуфурӯши мол ҷамъ меомаданд. Иқтисодчиён ин мафҳумро ба гурӯҳи харидорон ва фурӯшандагоне, ки як моли муайянро харидуфурӯш мекунанд, ба монанди бозори ғалла, чорво, пахта ва ғайра мансуб медонанд. Инчунин дар

пешина
аз 512
навбатӣ