Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

21.1. Мазмуни иқтисодии маркетинг дар системаи менеҷмент

Маркетинг ҳамчун яке аз соҳаҳои илми иқтисодӣ консепсияҳои гуногуни назариявии худро дорад. Андешаи олимони бахши маркетинг дар вақти муайян кардани моҳияти маркетинг аз ду нигоҳ пешниҳод карда мешавад.

  1. Маркетинг ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ.

  2. Маркетинг ҳамчун ҷараёни идоракунӣ.

Омӯзиши маркетингӣ ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ ҳамон мақоми маркетингро нишон медиҳад, ки дар ҷамъият мавқеи махсус дошта, мақсад аз он «таъмин намудани стандартҳои баланди зиндагӣ» аст. Аз нигоҳи мо моҳияти маркетингро ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ чунин муайян кардан мумкин аст:

Маркетинг чунин ҷараёни иҷтимоӣ мебошад, ки барои таъмин намудани зарурат ва талаботи шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо роҳи ташкил ва пешниҳод намудани молҳо ва хизматҳои арзишноқ ва мубодилаи онҳо дар байни одамони дигар иҷро карда мешаванд.

Аксари муҳаққиқони бахши идоравии маркетинг ин фаҳмишро ҳамчун «санъати фурӯши мол» меноманд. Вақте ки мо мегӯем «фурӯши мол ин ҳанӯз маркетинг нест» ҷои ҳайрат ва ё эътироз нест. Зеро дар ҳақиқат фурӯши мол ин қабати болоии пиряхи маркетинг асту бас. Яке аз назариётчии шинохтаи бахши маркетинг П. Друкер қайд мекунад ки: «Дуруст аст, ки талабот ба фурӯш доимӣ аст. Аммо вазифаи маркетинг дар он аст, ки онро ба ҳадди ниҳоӣ орад. Мақсади маркетинг - ба даст овардани дараҷаи дониш ва фаҳмиши зарурият ва талаботи истеъмолкунанда аст, яъне агар мол ва хизматҳои пешниҳодгардида барои харидор ҳаҷтан зарур бошад, он гоҳ моли Шумо фурӯхта мешавад. Дар шакли идеалӣ натиҷаи маркетинг - ин харидори тайёри истеъмолкунанда барои он зарур аст, ки бароиш молу хизматҳои шумо дастрас бошанд».

Ассотсиатсияи маркетингии амрикой ин фаҳмишро чунин баҳо медиҳад:

Маркетинги менеҷментӣ, ё худ маркетинги идоракунӣ — ин ҷараёни банақшагирӣ ва амалӣ гардондани консепсияи нархгузорӣ, пешниҳод ва

пешина
аз 512
навбатӣ