Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аз як тараф, маълумотҳои пурра оид ба талабу дархостҳои харидорон, ки дар натиҷаи тадқиқу омӯзиши бозор ба даст омадаанд, ба корхона ворид мешаванд ва аз ҷониби дигар маҳсулоте ва ё хизмате, ки бо назардошти миқёси ин талабу дархостҳои харидорон истеҳсол шуда, ба нархи ба харидорон мақбул гузошта шудааст, аз корхона ба дасти истеъмолкунандагон (харидорон) рафта мерасад.
Дар чунин ҳолат соҳибкорон ба таъминкунандагони талаботи бозор ба маҳсулоти мувофиқи табъ табдил меёбанд. Маҳз дар ҳамин асно ҳукмронии истеҳсолот бар истеъмолот бартараф ва бартарин истеъмолкунандагон таъмин карда мешавад. Ин боиси он мегардад, ки корхонаҳо ба сӯи истеъмолкунандагон майл мекунанд, бозор тамоили иҷтимоӣ пайдо карда, соҳибкорӣ авҷ мегирад.
Ташкили фаъолияти соҳибкорӣ истифодабарии намудҳои гуногуни фаъолиятро дар бар мегирад, ки ба рақобат қодир будани субъекти хоҷагидориро таъмин мекунанд, яъне ки ҳамон субъекти соҳибкорӣ ба сифати шакли он қабул карда мешавад, ки агар талаботҳои муайянеро қонеъ гардонда, дар натиҷаи он фоида биёрад.
Аз тарафи дигар, омили захираҳои меҳнатӣ, шумораи коргарон, ихтисосмандӣ ва дараҷаи маҳорати касбии онҳо, ҳамчун омили ҳалкунандаи миқёс ва андозаи шаклҳои ташкилии соҳибкорӣ шуда хизмат мекунанд. Возеҳтар гӯем, шумораи иштирокчиёни субъекти соҳибкориро ҳамчун меъёри ҷудокунии шакл ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебаранд.
Бо назардошти ин нуқта шаклҳои зерини фаъолияти соҳибкориро ҷудо кардан мумкин аст: фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, соҳибкории хусусӣ, коллективӣ ва муштарак.
Қайд бояд кард, ки соҳибкорони хусусӣ ба имконияти истифодабарии кироя асос ёфтааст. Соҳибкории муштарак бошад, дар асоси муттаҳидкунии молу мулк ва ҳуқуқҳои молу мулкӣ сурат мегирад. Азбаски дар шароити мо бештар шаклҳои коллективии ташкили истеҳсолот бартарӣ доранд, бинобар ин мо маҳз соҳибкории коллективӣ ва намудҳои онро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Соҳибкории коллективӣ. Соҳибкории коллективӣ корхонаи соҳибкориест,
ки дар соҳаи тавлидоти мол хизматрасонӣ фаъолият карда, мақсадаш ба даст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё