Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Инчунин соҳибкор мувофиқи қонунгузорӣ дар назди соҳиби молу мулки корхона барои иҷро накардани ӯҳдадорие, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, масъулият ҳис мекунад.
Иштироки соҳибкор дар тақсими фонди корхона. Фонди корхона баъди пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, дивидендҳо, дар ихтиёри соҳибкор мемонад ва аз тарафи ӯ мустақилона, агар дар оинномаи корхона ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, истифода карда мешавад.
Соҳибкоре, ки мувофиқи шартнома кор мекунад, натиҷаи меҳнати худро чӣ дар шакли музди кор ва чӣ дар шакли ҳиссаи фонди корхона гирифта метавонад. Шаклҳо, тартиб ва шартҳои музди меҳнати соҳибкор дар шартнома, ки бо соҳиби молу мулки корхона баста шудааст, муайян карда мешавад.
Ҳангоме ки фаъолияти соҳибкориро соҳибкори коллективӣ пеш мебарад, даромади ҳар яке аз ҳамкорон дар асоси шартномаи байни онҳо муайян мегардад. Аз даромадҳои шахсии соҳибкор андоз мувофиқи тартибе, ки қонунгузории андозсупорӣ муқаррар кардааст ситонида мешавад.
20.4. Шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ
Мувофиқи концепсияи бозор диққати соҳибкоронро дар навбати аввал миқдори талабу дархостҳои истеъмолкунандагон ба худ ҷалб мекунад. Мақсади охирини фаъолияти соҳибкорӣ дар натиҷаи қонеъ гардонидани дархосту эҳтиёҷоти гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон ба даст овардани даромад мебошад. Зимни амалӣ гардонидани ин мақсади хеш, соҳибкорон аз маҷмӯи фишангҳои мухталифи бозор (тарҳрезии бозорӣ, реклама, нархгузории бозорӣ, тадқиқотҳои бозорӣ ва ғайра) истифода мекунанд.
Муайян кардани талаботи харидорӣ дар асоси тадқиқу омӯзиши бозор нуқтаи ибтидоии ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад. Маҳз баъди миқдоран ва сифатан аён гаштани андозаи талаботу дархост, раванди истеҳсолот оғоз мегардад. Зимни ба роҳ мондани чунин тарзи ташкили кор мавқеи соҳибкор дар иқтисодиёт ба куллӣ муайян ва мустаҳкам гашта, хусусиятҳои нав пайдо мекунад. Дар натиҷа он ба ду ҷараёни ба пешвози якдигар ҳаракаткунанда табдил меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё