Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
даровардани даромади муайян аст. Бояд ёдовар шуд, ки корхонаҳои соҳибкорӣ метавонанд дар шакли корхонаҳои кооперативӣ, хурд, муштарак, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои иҷоравӣ ва ғайра амал намоянд.
Корхонаҳои соҳибкорӣ ҳамчун ифодаи шакли коллективии соҳибкорӣ дорои хусусиятҳои ба худ хосанд ва маҳз бо хусусиятҳои зеринашон аз корхонаҳои истеҳсолие, ки дар иқтисодиёти нақшавӣ амал мекарданд, фарқ мекунанд.
Якум. Асоси консепсияи идоракунии корхонаи соҳибкориро фикру андешаҳо оид ба талаботи харидорон ташкил карда, мутахассисони соҳаи бозор (менеҷерҳо, бозоршиносон, тоҷирон) соҳиби мансабҳои муҳими маъмурӣ мебошанд. Дар корхонаи истеҳсолӣ тадбирҳои технологӣ ва коркарду татбиқи чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаҳо афзалият дошта, дар вазифаҳои муҳиму масъули он мутахассисони соҳаҳои асосии истеҳсолот (муҳандисон, иқтисодшиносон ва ғайра) кор мекунанд.
Дуюм. Дар рафти фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои соҳибкорӣ имкониятҳои соҳибкорӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, ҳадафи асосии онро ҳамоҳангии захираҳои мавҷудаи корхона ба талабот ва имкониятҳои бозор ташкил медиҳад.
Дар корхонаҳои истеҳсолӣ бошад, имкониятҳои дохилии истеҳсол мавқеи асосӣ дошта, мақсади фаъолияти хоҷагидорӣ аз ташкили ҳамоҳангии захираҳои умумии корхона ба талаботи истеҳсолие, ки дар нақша нишон дода шудааст, иборат мебошад.
Сеюм. Истеҳсолот дар корхонаи соҳибкорӣ хусусияти зудмутобиқшавӣ дошта, ба ҳамагуна тағйирёбиҳо омода аст ва имконияти истеҳсолӣ чунин маҳсулотро фароҳам меоварад, ки онро дар бозор бо фоида фурӯхтан мумкин аст. Вазифаи асосии корхонаи истеҳсолӣ бошад, таъмини тавлидоти маҳсулот мувофиқи нақша ба ҳисоб меравад.
Чорум. Тиҷорат қисми таркибии фаъолияти корхонаҳои соҳибкорӣ буда, шӯъбаҳои тиҷоратии он ба ҷустуҷӯю интихоби роҳҳои молтаксимкунӣ ва дарёфти шароиту усулҳои бештар мусоиди молфурӯшӣ машғул мебошанд. Лекин дар корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияти тиҷоратӣ бахши асосии фаъолият шуда наметавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё