Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар айни ҳол шакли моликиятро, ки корхонаи хурд ба он асос меёбад, муқаррар кардан лозим аст.
Намудҳои зерини шаклҳои моликият имконпазиранд:
- Моликияти коллективӣ, агар молу мулки корхонаҳои хурд аз ҳисоби маблағҳои худии (шахсӣ ва муштарак) коркунони ояндаи корхона таркиб ёбад.
- Моликияти иҷоравӣ, агар таҷҳизот ва молу мулки лозима ба иҷора гирифта шаванд.
- Моликияти давлатӣ, агар муассисе, ки ба соҳибкор фонди муқадимавӣ ҷудо кардааст, корхонаи давлатӣ бошад.
Шакли аз ҳама бештар мақбули моликият барои корхонаҳои хурд моликияти коллективӣ ва ё иҷоравӣ бо хариди минбаъдаи молумулк ба шумор меравад.
Барои бақайдгирии корхонаи хурд ҳуҷҷатҳои зерин тайёр кардан лозим аст:
- Қарори маҷлис оид ба барпо кардани корхонаи хурд.
- Оинномаи корхонаи хурд.
- Меъёрҳои асосии иқтисодӣ.
- Қарори муассис дар бораи бунёди корхонаҳои хурд.
- Шартнома ба муассис.
- Қарори Ҳукумати маҳал дар бораи созмони корхонаи хурд.
Барои ба қайд гирифтани ширкати инфиродӣ (хусусӣ), ё оилавӣ фақат як ҳуҷҷат - Оиннома, ки худатон қабул мекунед, инчунин бақайдгирӣ дар ҳокимияти маҳал лозиманд. Дар оиннома ҳалли масъалаҳои моликият ва тақсими даромад ниҳоят муҳим аст. Ин имконият медиҳад, ки низоъҳои имконпазир бо коркунони ширкат чӣ дар соҳаи идоракунӣ ва чӣ дар соҳаи тақсими фонда пешгирӣ карда шаванд. Соҳиби корхонаи хурд шуда, шумо якбора ҳамчун соҳиби молу мулк ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад мекунед. Барои он, ки масъулияти молу мулки шахсӣ, хусусӣ ва корхона ҳамдигарро бурида нагузаранд, ҳангоми созмони корхона асоснок кардани молу мулки корхона барои ҳолатҳои касадӣ ва дигар масоилҳои молиявӣ лозим аст. Барои ин сохтани баланс, ки дар он арзиши молу мулки корхона, маблағҳои пулии он баҳо дода мешаванд, зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё