Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ доир ба фаъолият ва ӯҳдадориҳои худ дошта бошад;
ному нишон ва суроғаи ҳуқуқии кории худро дошта бошад.
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои нав номи ширкат, компания, ё худ холдингҳоро гирифтанд, ки дар асл мазмуни иқтисодии онҳо якхела мебошанд.
Барои он ки корхонаҳо фаъолияти худро хуб ба роҳ монда ба мақсад расанд, вазифаҳои худро дар асоси идоракунии амудӣ ва уфуқӣ ташкил мекунанд.
Албатта дар корхонаҳои хурд гурӯҳ, ё сохтори идоракунӣ он қадар васеъ ба чашм намерасад. Аммо дар корхонаҳои калони ватанию хориҷӣ мақоми идоракунӣ хеле ҳам баланд мебошад. Барои он ки корхона самаранок кор кунад, кори идоракунӣ аз кори ғайриидоракунӣ бояд ҷудо карда шавад. Яъне дар корхона, вақте ки роҳбарро таъин мекунанд, бояд вазифа ва ҳуқуқҳои он муайян бошад.
Дар шароити имрӯза як қатор корхонаҳои калони байналхалқии давлатҳои Ҷопон, Амрико, Англия, Фаронса вуҷуд доранд, ки дар онҳо фаъолияти идоракунӣ ба дараҷаи олии худ расида, аз фаъолияти тиҷоратӣ ва техникӣ ҷудо гаштааст.
Лекин дар аксари маврид худи роҳбарони амалия тасдиқи онро доранд, ки гӯё роҳбарии корхона ин ҷараёни фаъолияти ҳаррӯзаи коргарон буда, онҳо фақат каме онро ба танзим меандозанд.
Аммо тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки фаъолияти идоракунӣ аз фаъолияти ғайриидоравӣ куллӣ фарқ мекунад. Олими немис Минсберг дар китоби худ «Табиати меҳнати идоравӣ» менависад, ки «Қариб ҳамаи корҳо дар ҷамъият махсусгардонӣ ва мутамарказият талаб мекунад». Мисол устои ҳаррот дар таҷҳизоташ устувориро бояд, ки хуб донад ва барои он нағз мебуд, ки аксар вақт моли яххела барорад. Инженерон барои барномаҳои компютерӣ моҳҳо ва солҳо фикр карда, баъд ягон барномаеро мебароранд, ки маҳсулот медиҳад... Аммо барои роҳбар ин қоидаи корӣ рост намеояд. Хусусияти хоси кори роҳбарӣ он аст, ки мӯҳлати кӯтоҳ, тағйирёбии тез-тези вазъият ва омилҳои корӣ ва аз ҳама муҳим субъекти идоравӣ одамон хеле ҳам мураккаб мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё