Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шаклҳои зерин ташкил карда мешаванд:
❖ рафиқонаи хоҷагидор;
❖ ҷамъияти хоҷагидор;
❖ кооперативҳои истеҳсолӣ;
❖ корхонаҳои давлатӣ ва мунисипалӣ.

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар шаклҳои зайл ташкил карда мешаванд:
❖ кооперативҳои матлубӣ;
❖ ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
❖ ташкилотҳои динӣ;
❖ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
❖ муассисаҳо ва фондҳо.

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошанд, агар он ба мақсадҳои оинномавӣ мувофиқат намояд.

Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ метавонанд, якҷоя, ё алоҳида ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳоро ташкил намоянд.

Хоҷагиҳои рафиқона ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки ҳиссаи ҳар як иштироккунанда дар сармояи асосии корхона маълум аст. Моликияте, ки дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратӣ ба даст дароварда мешавад, моликияти ҳиссадорон дар асоси капиталашон ҳисобида мешавад.

Ташкилоти хоҷагии рафиқона дар ду шакл дида мешавад:

  1. Хоҷагии рафиқонаи пурра.

  2. Хоҷагии рафиқонаи боварӣ.

  3. Ташкилоти хоҷагии рафиқонаи пурра, шакли корхонае мебошанд, ки иштироккунандагони он дар асоси шартномаи тарафайн фаъолияти соҳибкорӣ намуда, аз номи ин ташкилот ва доир ба ӯҳдадориҳои он ҷавобгӯ мебошанд.

Фоида ва зарар байни рафиқон аз рӯи сармоягузориашон тақсим карда мешавад. Дар вақти тақсимоти фоида, ё зарар ягон иштироккунанда бе тараф намемонад. Оид ба ӯҳдадориҳои ташкилот иштироккунандагон ҷавобгарии якхела доранд.

  1. Ташкилоти хоҷагии рафиқонаи боварӣ чунин ташкилот мебошанд, ки дар онҳо дар баробари иштироккунандагони асосӣ, боз шахсони алоҳида, ё гурӯҳи одамоне дохил мешаванд, ки маблағ мегузаронанд, лекин дар ӯҳдадориҳо
пешина
аз 512
навбатӣ