Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи мутахассисон ин тағйирёбиро ба 5 давраи калон ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Давраи якум (1900-1930). Пайдоиши мактабҳои маъмурии идоракунӣ, ташкили корхонаҳои калони истеҳсолии саноатӣ, ташаккули сохтори зинабандии менеҷмент.

  2. Давраи дуввум (1931-1960). Пайдоиши зарурияти афзунгардонии истеҳсоли маҳсулот, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарон. Менеҷмент ҳамчун омӯзиши рафтори одамон ва муносибатҳои башарӣ.

  3. Давраи сеюм (1961-1990). Пайдоиши талаботи идорӣ дар ҳама системаи пайдарпании истеҳсолоту истеъмолот, сохтани моделҳо ва системаҳои иқтисодии инкишофи ҷамъиятӣ, банақшагирии стратегӣ, пайдо намудани мавқеъ дар бозори иқтисодӣ, ташаккули маданияти идоракунӣ ва пайдоиши менеҷменти навоварӣ, услуби ҳолатии менеҷмент.

  4. Давраи чорум (1991-2000). Пайдоиши услуби нави роҳбарӣ барои ҳарчи зиёд истифода намудани имкониятҳо, омӯзиши муҳити иҷтимоию психологию корхонаҳо, маркетинг ва миллатҳою халқҳои алоҳида, зарурияти пешвой дар тамоми ячейкаҳои идорӣ, услуби куллан қабулшудаи иҷтимоию психологию менеҷмент.

  5. Давраи панҷум (асри XXI). Пайдоиши глобализатсияи иқтисодию иҷтимоӣ ва психологию сиёсӣ, зарурияти интихоби қобилияти фикрронии баланд, омӯзиш ва мутобиқгардонӣ вобаста аз вазъият, менеҷмент мактаби профессионалии олии кордонӣ ва пешвой дар асри XXI.

Чи хеле ки аз давраҳои инкишофи илми менеҷмент маълум мегардад, дар ҳазорсолаи нав зарурияти менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ барои роҳбарони касбин оянда мақоми аввалиндараҷа дорад.

Дар ин давра аллакай менеҷментро ҳамчун шаклу усули роҳбарӣ дар корхонаҳои ғайридавлатӣ гуфтан нодуруст аст. Қариб аксари олимон дар солҳои охир менеҷментро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:

  1. Менеҷменти ҳукуматӣ — яъне сохтори идоравии ҳукуматӣ, тарзу усули роҳбарӣ бояд ба талаботи менеҷмент мутобиқат намояд.

  2. Менеҷменти давлатӣ — ташкили менеҷмент дар корхонаҳои давлатӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ