Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАФҲУМИ МЕНЕҶМЕНТ

Менеҷмент
ҳамчун фаъолият

Менеҷмент - ин:
тарзу усули муомила бо одамон;
ҳукмронӣ ва санъати идоракунӣ;
шакли махсуси навоварии маъмурӣ;
органи идоравӣ.

Менеҷмент - ин назария ва амалияи идоракунии истеҳсолот ва фурӯши мол, ки барои гирифтани фоида ва самаранокии истеҳ- солӣ равона карда шудааст.

Менеҷмент - идораку- нии истеҳсолот, ҷамъи қоидаҳо ва усулу воситаҳои идоракунии истеҳсолот бо мақсади баланд бардории истеҳ- солот ва фоида.

Менеҷмент - ин раванде мебошад, ки дар он мутахассиони касбӣ корхонаҳо таш- кил карда, мақсад ва вазифаи онро муайян карда, фаъолияти онро пурра назорат карда, фоида мегиранд.

Менеҷмент -ин ҳамчун органи идоракунии замонавии корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайри- тиҷоратӣ мебошад.

Менеҷмент
ҳамчун санъат

Менеҷмент - ин Шакли санъати фаъо- лияти амалии одамон мебошад, ки инкишоф ва фаъолияти корхона ва мақсади онро муайян месозад. Дара- ҷаи баланди таҷрибаи идоравии корхона ҳам- чун санъати баланд баҳо дода мешавад.

Менеҷмент - ин ҳамчун санъати идора- кунии одамон дар корхона ва муассиса.

Менеҷмент - ин санъати шахсони қоби- лиятноке, ки дониши баланди касбӣ ва таҷрибаи калони идо- равӣ доранд.

Менеҷмент
ҳамчун илм

Менеҷмент - ин илми идоракунӣ дар асоси ҷамъи илмҳои дақиқе, ки дар солҳои тӯлонӣ назарияи идора- куниро ташкил наму- данд, пайдо шудааст.

Предмети илми менеҷ- мент ҳамчун илми идо- ракунӣ қонуниятҳоеро дарбар мегирад, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи байни ташкилот ва одамон дар ҷараёни идоракунӣ ба миён меоянд.

Асосҳои методологии менеҷмент дар фалса- фа, сотсиология, сиё- сатшиносӣ, психология амиқ дида мешавад.

Илми идоракунӣ - бояд ҳатман ба меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва маъмурӣ такя намояд.

Ҳамчун илми муста- қил, ки предмет, вазифа ва функцияву қоидаи худро дошта, дар охири асри XIX ба вуҷуд омадааст.

пешина
аз 465
навбатӣ