Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ротатсия, ё худ ҳаракати кормандонро бояд, баъди баҳои ҳаматарафаи кори онҳо дода, онҳоро доимо аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан;

  2. Ҷавобгарӣ ҷиҳати натиҷаи кор барои ҳар як шахс алоҳида буда, назорат дар шакли ғайрирасмӣ сурат мегирад.

  3. Интихоби кормандонро барои ширкатҳо аз мактабҳои олӣ аз рӯи нақша, саривақт ва мақсаднок гузаронидан зарур аст.

  4. Роҳбари корхона бояд доимо барои коргарони худ ғамхор бошад.

  5. Ҳар қадаре ки коргар хуб ва бомуваффақият кор кунад, ҳамон андоза ба вай имтиёз ва сабукиҳо дода мешавад.

Чунин як роҳи идоракунии кормандон дар Ҷопон имкон дод, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ имконияти кормандиро хуб истифода бурда, дар қатори давлатҳои пешқадам ҷойгир бошад. Суръати инкишофи истеҳсолоти саноатӣ ва инкишофи ҳосилнокии меҳнат дар Ҷопон аз ширкатҳои амрикоӣ хеле пеш гузаштааст.

Аммо чунин роҳи ҷопонӣ дар Амрико ва Аврупои Ғарбӣ ҷои худро ёфта натавонист. Маълум шуд, ки дар Ҷопон, хусусияти миллии ин халқ асосан ёрдами ҳамдигар қабули қарори коллективона, масъулияти иҷрои он ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар мамлакатҳои Ғарб бошад, омили гуногунмиллӣ, фардият ва ҳуқуқи меъёрӣ таъсири дигари худро доранд.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз масъалаи идоракунии корманд мақоми худро наёфтааст ва касе низ ин муамморо тавзеҳи васеи илмӣ надодааст. Аз ин рӯ, дар аксари корхонаҳо масъалаи идоракунии корманд дар шакли кӯҳна ба вуҷуд меояд.

Дар таърихи идоракунии кормандии собиқ давлати Шӯравӣ як қатор давраҳои муҳимро қайд кардан мумкин мебошад.

Давраи аввали ҳукумати Шӯравӣ ин шиори «техника ҳама корро ҳал мекунад» пеш гирифта шуда буд, ки аз хориҷи кишвар мутахассисонро меоварданд ва дар мамлакат низ тарбияи кормандонро пеш гирифта буданд.

Дар солҳои 30-юм шиори нав «ҳамаро кадрҳо ҳал мекунанд» садо дод. Дар ин ҳолат ҷавонон ва мардуми миёнаҳол китобу дафтар гирифта, ба хондан сар карданд. Дар донишгоҳҳо, техникумҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ таълим бо дараҷаи аъло сар шуд.

пешина
аз 465
навбатӣ