Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

бехатарии меҳнат;

музди меҳнат ва ҳавасмандии он;

нафақа, имтиёзҳо ва ҳар гуна ёрдампулиҳо;

тартиби қабул ва аз кор хориҷ намудани коргарон;

ғамхорӣ доир ба саломатии коргарон.

Дар ИМА мутахассисон оиди ба «менеҷменти кормандӣ» тадқиқоти «Қувваи коргари 2000» гузарониданд, ки дар он як қатор пешниҳодҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат ва таъмини ҷои кор дар корхонаҳо нишон дода шудааст. Дар натиҷаи тадқиқот як қатор ҳолатҳо муайян карда шуданд:

кам шудани миқдори коргарони ҷавон дар истеҳсолот;

афзоиши синну соли миёнаи коргарон;

мавқеият ёфтани муҳоҷирон (хориҷиҳо) дар инкишофи қувваи корӣ;

камшавии ҷои корӣ дар истеҳсолот ва зиёдшавии он дар соҳаи хизматрасонӣ;

талабот ба мутахассисони дорои дараҷаи баланди дониши интеллектуалӣ;

гуногунии қувваи коргарӣ дар ташкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави идоракунии коргарон.

Бояд таъкид кард, ки унсурҳое, ки муҳаққиқони амрикоӣ муайян намудаанд, аксаран барои Тоҷикистон низ мувофиқат менамояд ва мо низ бояд сари ин масъала андеша намоем.

Ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта, муҳаққиқони амрикоӣ як қатор концепсияи идоракунии захираи башариро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта дар Шарқ, дар Ҷопон, системаи наве тартиб дода шудааст, ки бартарии калоне нисбат ба системаи амрикоӣ дорад. Назарияшиноси ҷопонӣ У. Оучи дар аввали солҳои 80-уми асри XX ин қазияро омӯхта, назарияи навро бо номи «Z» пешниҳод намудааст. Мувофиқи ин назария менеҷерони ҷопонӣ дар амалия аз рӯи меъёрҳои зерин кор карданд:

  1. Нуқтаи асосии идоракунӣ — одам, чунки вай асоси ширкат ва кор буда, муваффақияти тамоми кор аз ӯ вобаста аст.

  2. Ширкатҳо барои таъминоти доимии кормандии худ, усули кироии якумраро истифода мекунанд.

пешина
аз 465
навбатӣ