Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
менеҷмент, бизнес, соҳибкор ин пеш аз ҳама кор ба одамон, ҳар як фарди алоҳида, коллектив, харидорон ва ғайра мебошад. Хоҳӣ, ки муваффақ шавӣ, се корро ёд гир:
❖ касе, ки ба наздат меояд дар дили худ ҷой кун;
❖ ӯро барои дурустии худ бовар кунон;
❖ ҳаракат намо, ки онҳо барои корхонаи шумо кор кунанд.
15.3. Муҳити рӯҳии коллектив ва қабули одами нав дар коллектив
Тамоми коллективҳои меҳнатӣ аз рӯи муҳити рӯҳияшон фарқ мекунанд. Махсусан ин ҳолат бештар дар соҳаи хизматрасонӣ дида мешавад.
Дар як коллективи меҳнатӣ шумо одамони чеҳраҳандони муомилан хубдоштаро мебинед, ки мехоҳад хизмати хуб расонад. Дар дигар коллектив одамони дағал, бе табъи хуш ва бедиққатро низ дучор шудан мумкин аст.
Дар соҳаи саноат бошад ин ҳолатро тез ҳис кардан мушкил аст, чунки одамон дар паси дастгоҳҳо машғули кор буда, ҳолати рӯҳии онҳо ба назар кам мерасад. Аммо, ин дар назари аввал аст. Дар ҳақиқат коргарони соҳаи саноат ба ҳамаи ҷараёни рӯҳии корхона диққат дода, ҳисси қаноатмандии худашонро аз натиҷаи кор нишон медиҳанд. Дар баъзе коллективҳо бошад, доимо ҷанҷолу муноқиша, ноқаноатмандӣ дар ҳар сари қадам дучор шуда, бо ҳар як ҳодисаи ночиз норозигии калон пайдо мешавад. Албатта, дар ин коллективҳо одамон аз натиҷаи кор розӣ нестанд ва натиҷаи он ба пастшавии ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки барои чӣ чунин фарқият ҷой дорад?
Агар ҷиҳати моддии истеҳсолот, ки мақоми асосӣ дорад ба инобат нагирем, он гоҳ дар навбати аввал омили рӯҳии коллектив, ки аксаран аз кори менеҷер вобастагӣ дорад, пеш меояд.
Ба омили рӯҳӣ дохил мешавад:
❖ муҳити рӯҳии маънавӣ;
❖ муттаҳидии коргарон;
❖ ягонагии рӯҳии коллектив;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор