Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Фикру ақидаи дигаронро бомулоҳиза гӯш намоед.
-
Чунон муомила намоед, ки ҳамсӯҳбат тамоми фикру ақидаи ботиниашро ошкор намояд.
-
Барои фикру ақидаи коллективро фаҳмидан аз ҳолатҳои ғайрирасмӣ истифода намоед.
-
Дар сӯҳбат чунон бошед, ки ҳамсӯҳбататон доимо «ҳа» бигӯяд.
-
Муҳокимаи гурӯҳии масъаларо истифода барад.
-
Дар вақти маҷлис қоида ва реҷаи кории онро муайян созед.
-
Соҳаеро ҷустуҷӯ намоед, ки аъзои коллектив якдигарро эҳтиром намоянд.
-
Рафтори дурусти аъзои коллективро дақиқ карда, муҳокима намоед.
-
Дастовардҳои коллективро доимо қайд карда, пешқадамонро васф намоед.
-
Ташкили корро чунон ҷорӣ намоед, ки ҳама кор кунад.
-
Аз лагандбардорон дар канор буда, бо ҳамаи коллектив муносибати гарм ва якхела дошта бошед.
-
Худро ҳаргиз таъриф накунед.
Ташаккули коллектив ва инкишофи он дар натиҷаи ислоҳи камбудиҳо ва роҳи дурустро интихоб намудан иҷро мегардад.
Назорат яке аз омилҳои самаранокии коллектив мебошад. Яъне кори коллектив аз тарафи роҳбарият чӣ тавр баҳо дода мешавад ва оё ин роҳбариятро қаноатманд менамояд, ё не. Ченакҳои баҳодиҳии фаъолияти коллектив чунин омилҳоеро дарбар мегирад, ки дар он ҳиссаи ҳар як коргар ҳангоми иҷрои мақсадҳо алоҳида муайян карда мешавад ва мавқеи он дар коллектив нишон дода мешавад. Яке аз усули қабулшуда иштирок дар ташкили фоида мебошад. Дар ин ҳолат ҳавасмандкунӣ дар асоси ҳосилнокии меҳнат дода мешавад.
Хулоса, барои ташкили хуби муносибатҳои башарӣ дар коллектив ва инкишофи онҳо бо ақидаи мутахассиси бузурги амрикои Дейл Карнеги (1888-1955) «Барои мо пеш аз ҳама ақли солим ва бузургӣ лозим аст» Миллионҳо одамон дар асоси китобҳои Д. Карнеги бовар намудаанд, ки идоракунии коллектив ва ҳар як шахси алоҳида кори дастраси имконпазире қариб барои аксарияти одамон мебошад. Д. Карнеги менависад, ки идоракунии корхона,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор