Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Усули матритсаи муносибати ҳамдигарӣ:
Барои тартиб додани чунин сотсиограмма аз ҳар як коргар хоҳиш менамояд, ки рафиқи худро аз рӯи тартибӣ — 1; 0; + 1; баҳо диҳад, яъне:
-1- баҳои манфӣ;
0- баҳои бетараф;
+1- баҳои мусбӣ:
Натиҷаи пурсишнома вобаста ба ҳолҳои гирифташуда ба ҷадвал гузаронида мешавад. Дар натиҷаи ин муайян карда мешавад, ки то чӣ андоза ин, ё он шахсро ба кор гирифтан мумкин мебошад, ё не. Албатта барои он, ки муноқишаи байни коллектив пайдо нашавад, менеҷер натиҷаро ба касе нишон надиҳад.
Дар баъзе корхонаҳо, асосан Донишгоҳу ташкилот ва муассисаҳои илмӣ ин кор бо роҳи гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ иҷро мегардад. Чунин як усул дар вақти додани унвонҳои илмӣ, вазифаҳои озмунӣ ва ғайра низ татбиқ мегардад.
Агар коллективҳои меҳнатӣ дар зинаи баланди инкишоф бошанд, он гоҳ бо роҳи муҳокимаи озоди худашон, ё он номзад пешниҳод карда мешавад. Ин дар ҳолате расмӣ мегардад, ки коллектив давраи пурраи инкишофи худро дошта бошад. Менеҷер мебояд, бо тамоми қобилияташ пурра худро нишон диҳад ва пешвои устувор бошад. Бинобар ин, дар ин давра менеҷер бояд корҳои зеринро иҷро намояд:
❖ муносибати эҳтиромона нисбат ба ҳамаи аъзои коллектив, ба эътибор гирифтани таклифу пешниҳодҳо, ҳатто агар маъқул ҳам набусад, ҷавоби нарм додан ва ғайра;
❖ ба коргарони худ нисбат ба қобилият ва кордонии онҳо боварӣ доштан. Ҳатто ҳангоми ноомади кор масъулиятро ба дӯши худ гирифтан;
❖ қувват ва мардонагӣ зоҳир намудан барои коллективро аз ҳар гуна игвогарию норозиҳо нигоҳ доштан, ҳимояи коргарони худро намудан, ба шарте, ки онҳо ҳақ бошанд;
❖ кӯмак расонидан ба коргарон, вақте ки онҳо ба ин зарурат доранд, махсусан дар ҳолатҳои вазнини оилавӣ ва иҷтимоӣ;
❖ ҳаракат ба кори шавқовар, имкон додан ба ҳар гуна навоварӣ ва худнишондиҳии меҳнатӣ, то ки аъзои коллектив онро ба чашми худ бубинад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор