Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Шахсони аниқи наве, ки дар бозори оянда пайдо мешаванд.
-
Харидорони касбиё, ки вобаста аз ахбори шумо дар оянда бо шумоянд.
-
Имконоти молтаъминкунандаи шумо, яъне агар молтаъминкунанда ягона бошад, он гоҳ имконияти шумо хеле кам мебошад.
-
Молҳои ҳамранге, ки рақибони шумо ба бозор мебароранд. Ба ин бозори гандум ва орд мисол шуда метавонад. Агар оянда зиёдшавии орд дар бозор ба гумон бошад, он гоҳ ба бозори гандум таъсир мерасонад.
-
Имконоти бурдани муборизаи рақобатии бозор. Дар ин ҳолат корхона вобаста аз вазъияти ҳақиқии ба миён омада, се роҳи стратегиро истифода мекунад: дифферентсиатсия, пешвой дар хароҷот, сеҳрдорӣ. Мувофиқи тадқиқоти М. Портер ташкилоте, ки ин роҳҳои стратегиро хуб истифода мекунад, бартарии бештар дорад.
Фаъолияти корхонаҳо дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ коркарди стратегияи ояндабиниро мушкил мегардонад. Дар ин ҳолат, дар мадди назар созандагии система ва коммуникатсионӣ будани он меистад. Дар равандҳои асосии инкишофи стратегияи корхонаҳо бояд унсурҳои маданӣ урфу одат, тарзи зиндагонии мардум дар ояндаи дур ба инобат гирифта, бо маҳсулоти истеҳсолии корхона мутобиқ кунонида шаванд. Инчунин дар ин ҳолатҳо менеҷменти корхонаҳо ба таъсири омилҳо ва қонуну қоидаҳои ин давлатҳо ва меъёрҳои онҳо гирифтор мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҳама ҳолатҳо стратегияи менеҷмент бо омилҳои ахборӣ, назорат ва муносибатҳои одамон гирифтор мешавад, ки онро мо дар мавзӯи оянда таҳлил хоҳем кард.
14.4. Таҳлили стратегияи фаъолияти ташкилотҳо
Таҳлили стратегӣ дар асоси таҳлили иқтисодӣ ва ҳолатҳои сиёсӣ аз тадқиқоти бозор, омӯзиши имконоти корхона вобастагӣ дорад. Дар рақобати бозор, интихоби истеъмолкунанда, муайян кардани сиёсати молии корхона ҷорӣ мегардад.
- Таҳлили ҳолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ талаб мекунад, ки ба саволҳои зерин ҷавоб гардонем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор