Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар матритсаи ГМБ тамоми соҳаҳои соҳибкорӣ ба 2 гурӯҳ ҷудо карда мешавад:

  1. Суръати афзоиши тиҷорат.

  2. Ҳиссаи бозори корхона нисбат ба рақибон.

Нишондиҳандаи суръати афзоиши тиҷоратӣ дар инкишофи соҳа ҳамагӣ нишондиҳандаи ҳиссаи бозор бошад, ҳиссаи соҳибкорӣ воҳиди дар бозор буда, нисбат ба рақибро ташкил медиҳад. «Ситораҳо» - ҷузъҳои истеҳсолие, ки ба соҳаҳои тезафзоянда такя карда ҳиссаи зиёди бозорро доранд. Ситораҳо нишонаи инкишофи дараҷавиро доранд.

Ситора хеле ҳам диққатҷалбкунанда ва маълум буда, дар ҳама давраҳо фоида меоварад.

«Говҳои ҷӯшони пулӣ» дар корхонаҳои такмилёфта буда, оҳиста-оҳиста боз ҳам бештар инкишоф ёфта, дар бозор мақоми аввалро ишғол мекунанд. Чунки инвеститсияи эълон ва истеҳсолии онҳо аллакай барвақт вуҷуд дорад, даромадҳои онҳо бемайлон аз ҳисоби инкишофи дигар соҳаҳо зиёд шудан мегирад. Мисол, дар баробари зиёдшавии истифодабарандагони «Интернет» ва барномаи «Microsoft» даромадҳои пулии ин корхонаҳо бемайлон зиёд шудан мегиранд.

«Аломати савол» асосан барои корхонаҳои нав, ки ҳиссаи ками бозорро доранд, гузошта мешавад. Тиҷорати ин корхонаҳо дар асоси таваккали калон ба роҳ монда шуда, метавонад, ки муфлис шавад ва «ҳамчун ситора» аз ҳаво канда шавад. Муассисаи тиҷоратӣ имконияти чунин молиягузориро дорад?

«Сагҳо» корхонаҳое мебошанд, ки барои бозорро зери даст гирифтан ҳаракат намекунанд, аз ҳаққи ками худашон қаноатманд мебошанд, ба корхона фоидаи кам меоранд. Агар ояндааш маълум набошад, чунин соҳибкорӣ аз байн меравад.

Мушкилоти стратегӣ дар дараҷаи ҷузъҳои истеҳсолии корхона, иштироки бевосита дар рақобати бозор мебошад.

Равандҳои асосии стратегии инкишофи мунтазамӣ ва сарфаи заҳнраҳо мебошад.

Мувофиқи тадқиқоти М. Портер дар вақти дурнамой стратегияи корхона панҷ қувваи рақобатӣ таъсир мерасонад.

пешина
аз 465
навбатӣ