Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пешниҳодҳо дар шакли маҷмӯи нишондиҳандаҳои сифатии объектҳо, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва эҳтимолияти бадастдарории онҳо дида мешаванд.

Дар таҷриба якчанд намуди пешгӯӣҳо истифода карда мешаванд. Намуди аз ҳама оддии лоиҳаҳо барои оянда ном дорад. Мазмуни чунин стратегия дар дохил намудани тамоюдҳое, ки дар гузашта вуҷуд дошт, ба ҷараёни имрӯзаи инкишофи корхона робита дорад. Чунин усул ба корхонаҳое мақбул мебошанд, ки истеҳсолоти мунтазам дошта дар ояндаи наздик ягон тағйироти калон дида мешавад.

Агар ояндаи корхона хеле норавшан ва дар зери таъсири якчанд омилҳо бошад, он гоҳ усули мураккабтари системаи барномасозии риёзиро истифода кардан мумкин аст, ки дар он сабабҳо ва натиҷаи мавҷудият, ё пайдоиши ҳар як омил алоҳида таҳлил карда нишон дода мешаванд.

Ин ду роҳи дар боло номбаркардашуда мазмуни усули генетикиро ташкил менамоянд. Дар асоси донишҳои гузашта, ҳолатҳои ҳозира, равандҳо ва суръати тағйирёбии онҳо мумкин аст, ки ояндаи корхонаро тахминан тасаввур намуда, пешниҳод намоем. Аммо, дар шароити имрӯзаи инкишофи илму техника, муайян кардани ояндаи корхона хеле мушкил буда, дурнамои генетикӣ самараи дилхоҳ надоданаш мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо усули «Баҳои озмоишӣ» истифода карда мешаванд. Ин усул дар асоси муқоисаи фикру ақидаи мутахассисон роҷеъ ба баҳшҳои алоҳида, ки ояндаи ҳар як равияро аз рӯи ҳисоби китобҳо тахминан пешниҳод менамоянд, баррасӣ карда мешавад.

Усули баҳои озмоишӣ асосӣ усули меъёриро дар ояндабинӣ ташкил мекунад. Ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки имконоти стратегии ояндаи корхона ва роҳҳои ба он расидан муайян карда шаванд.

Пешгӯӣҳо бо назардошти камубеш тағйиротҳо, ё дигар шудани вазъиятҳо ба равандҳои истеҳсолӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми пайдо шудани чунин ҳолатҳо ва ҳодисаҳо равандҳои асосии корхона тасҳеҳ ва ислоҳ карда мешаванд.

Тартиботи пайдоиши тағйирот, дигаргуншавии муҳит, эҳтимолияти кам кардани таваккал ва дигар ҳолатҳо дар асоси интихоби нақшаи пешакӣ сурат мегиранд. Мақсади чунин нақша пеш аз ҳама дар кам намудани дараҷаи умумии номуайянӣ дар ояндаи корхона буда, ҳалли он бо роҳи иҷрои мунтазами фаъолият мебошад. Ояндабинӣ, ки шаклҳои гуногун дорад, зарур аст, ки нақша

пешина
аз 465
навбатӣ