Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Зинаи бизнес-воҳиди стратегия ба ҳар як хати истеҳсолӣ, ё соҳаи тиҷорат вобаста буда, роҳҳо ва усулҳои аз худ намудани бозор ва харидоронро дарбар гирифта, ба саволи «Мо чӣ тавр рақобат мебарем»? ҷавоб гуфта тавонад. Дар ин зинаи стратегӣ мо бояд масъалаҳои хароҷоти эълонҳо, истеҳсоли маҳсулоти нав, васеъшавӣ ва ё кам кардани хати истеҳсолӣ ё ин ки сохтмони истеҳсолиро пеш мегиранд. Бештар мо мебинем, ки хизматрасониҳое, ки барои ҳамон маҳал, ё худ давра лозим нестанд, кам карда мешаванд.

  2. Стратегияи функционалии менеҷмент бояд ба саволи «Мо стратегияи корхонаро чӣ тавр дастгирӣ мекунем?» ҷавобгӯ бошад. Ин стратегия бевосита ба вазифаи ҳаррӯзаи кории корхона вобаста мебошад, яъне шӯъбаҳои молия, тадқиқотӣ, маркетинг ва истеҳсолотро фаро мегирад. Мисол, стратегияи функционалии шӯъбаи маркетингӣ хизматрасонии меҳмонхонаро дар назар аст. Вобаста ба талаботи мизоҷон дохил кардани хизматҳои иловагӣ, агар соҳибкор меҳмон бошад, хати интернет, телефон, факс ва ғайраро пешниҳод менамояд.

14.3. Стратегияи ояндабинии ташкилотҳо

Асоси стратегияи корхонаро, дурнамои он ташкил мекунад. Яъне системаи мафҳумҳо ва нишондиҳандаҳое, ки доир ба равандҳои инкишоф ва ҳолати ояндаи корхона маълумот медиҳанд. Асоси пешгӯиҳо ин тадқиқоти махсус, пешгӯиҳои муҳити беруна, эҳтимоляти таҳлили риёзӣ, таҳлили фаъолиятҳои ҷорӣ, муҳокимаи фикрӣ, афкори фардии мутахассисон, пешгӯии ҳолатҳои номуайянӣ ва ғайра мебошад.

Ҳангоми тартиб додани пешгӯиҳо фаъолияти зерин иҷро карда мешаванд:

ҷараёни системаҳои иқтисодӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва дигар фаъолияте, ки дар корхона ва гирду атрофи он ба вуҷуд меоянд ва алоқамандии онҳо таҳлил мегарданд;

ҳолати мавҷудбудаи корхона баҳо дода шуда, мушкилиҳои асосии он муайян карда мешаванд;

Ташаккули ояндаи корхона муайян карда шуда, роҳҳои ба мақсад расидан муайян карда мешаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ