Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Стратегияи муҳофизатӣ ислоҳоти тамоми соҳаҳои фаъолияти корхонаро дар асоси системаи боқуввати идоракунии марказонидашуда дар назар дорад.
Дар асоси шаклҳои муайяншудаи стратегияи корхонаҳо, менеҷерон нақшаи стратегияи худро кор карда мебароянд, ки дар он тақсимоти захираҳо, тартиботи фаъолият доир ба муҳити дохила ва беруна, равандҳои асосии ба мақсади стратегӣ расидан нишон дода шудааст.
Менеҷменти корхона якбора ваколатҳои марказии фаъолият, синергизмро муайян месозад, ки ин имкони ба харидорон пешкаш намудани молҳои қимматбаҳоро пайдо месозад.
Ваколатҳои марказӣ гуфта, ҳамон шакли фаъолиятеро меноманд, ки корхона нисбат ба рақибони худ беҳтар иҷро мекунад. Мавҷудияти чунин ваколат дар корхона имкон медиҳад, ки он бартарии стратегияи худро дар бозор нишон диҳад. Масалан, вақте ки ширкати James Ruver хатти автоматику- нонидашудаи истеҳсолии салфеткаро баровард, ки хеле ҳам арзон буданд, дар бозор мавқеи худро мустаҳкам намуданд.
Синергизм дар ҳолате пайдо мешавад, ки агар фаъолияти якуояи фирма нисбат ба истеҳсоли алоҳидаи дигар гурӯҳҳои истеҳсолӣ зиёдтар фоида меорад. Аз дигар тараф, марказонидан, ё якуоя кардан мумкин аст боиси кам кардани хароҷоти иловагӣ гардад. Дар ин ҳолат стратегияи корхона аз рӯи қоидаи системаи функционалии ҳаракати мол сурат гирифта, то ба истеъмолкунанда бурда расонидани мол хизмат менамояд. Яке аз роҳҳои ба мақсад расидани синергизм беҳтар кардани алоқамандии байни харидорон ва молтаъминкунандагон маҳсуб мешавад.
Стратегияи молҳои қимматнок. Ташкили стратегияи шаклҳои марказӣ ва синергизм имкон медиҳад, ки корхона барои истеъмолкунандаи алоҳидаи худ молҳои қимматнок мебарорад.
Қимматнокӣ, ё худ арзишноки на ба маънои иқтисодӣ, балки ба маънои муҳимияти мол пайдо мешавад. Масалан, шумо бо як маблағи ночиз моле мехаред, ки моҳияти калон, ё худ арзиши калони таъминкунии талаботатонро дорад. Ташкилот ҳамон вақт фоиданок мешавад, ки арзишнокӣ моли онҳо аз арзиши мол дида қимматтар аст. Ин раванд дар истеҳсоли радиоэлектроникаҳо хеле хуб назаррас аст. Харидорон, асосан сайёҳон радион хеле хурдакак ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор