Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Дар ҳолати тағйироти муҳити беруна чунин корхонаҳо барои аз муфлисшавӣ баромадан ба мушкилиҳо рӯбарӯ мегарданд. Бинобар ин дар аксар маврид чунин корхонаҳо стратегияи «камкунии ҳаҷми истеҳсолот»-ро пеш мегиранд. Бо ин роҳ аз технологияи кӯҳна, аз табақаҳои истеҳсолии барзиёд даст мекашанд.
-
Дар таҷрибаи корхонаҳои калон бештар стратегияи омехта истифода карда мешавад.
Мувофиқи ин стратегия як қисми фаъолияти корхона ё ҷузъҳои он стратегияи инкишоф дар қисми дигар мунтазамӣ ва дар қисми 3-юм камкуниро истифода мебаранд. Чунин шакли стратегия ба инъикоси ҳақиқии фаъолияти ташкилот мувофиқат менамояд.
Стратегияи инкишофи корхонаҳо дар се шакл сурат мегиранд:
пешраванда;
пешравандаю муҳофизатӣ;
муҳофизатӣ.
- Стратегияи пешраванди истеҳсолӣ бештар дар асоси навоварии истеҳсолӣ, кооперация ва интенсификатсия амалӣ мегардад.
Навоварии истеҳсолӣ ду шакл дорад: амудӣ ва уфуқӣ. Навоварӣ дар шакли бевосита, (сохтмон, ё дигаргунсозии ҳақиқии объектҳои истеҳсолӣ), ё ин ки ҷомодонӣ (бо роҳи харидани саҳмияҳои ширкатҳои ҳамранг бо мақсади васеъ намудани дараҷаи истеҳсолии корхона), маблағгузорӣ ва кооперация намудор мегардад.
Кооперация имрӯзҳо аксар маврид бо роҳи омӯзиши мутахассисон, пажӯҳишҳои якҷоя, истеҳсоли дастгоҳҳои алоҳида ва ҷамъ кардани онҳо сурат мегирад.
Интенсификатсияи бозор гуфта, инкишофи истеҳсоли мол, васеъ кардани ҷуғрофияи он ва ё номгӯи молӣ корхонаро меноманд.
- Стратегияи пешравандаю муҳофизаткунанда аслан дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ дида мешавад. Дар ин шароит корхона бо роҳи истифода аз захираҳо фаъолият карда, соҳаҳои ғайрисамараноки худро мефурӯшад, якбора модернизатсияи истеҳсолӣ мегузаронад, истеҳсолотро васеъ намуда, сифати моли истеҳсолиашро беҳтар мекунонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор