Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
худдорӣ намоянд ва стандартикунонии аниқӣ нишондиҳандаҳоро муайян намоянд. Дар амал баъзе ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки роҳбарони корхонаҳо, шӯъбаҳои алоҳида бо сабаби дуруст мавҷуд набудани системаи ахбории корхона хабарҳо ва нишондиҳандаҳои ғайривоқеиро мегӯянд. Дар натиҷа ин ҳолат оҳиста-оҳиста ба косташавии пурраи фаъолияти корхона оварда, роҳбариятро аз баҳои вазъи воқеии корхона дур мекунад. Чунон ки ин ҳолатҳо дар охири солҳои Ҳукумати Шӯравӣ дар нишондиҳандаҳои истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешуд ва ба пурра хароб шудани корхонаҳои хоҷагии қишлоқ оварда расонид. Талаботи асосии баҳои стратегӣ ин аниқ кардани вазъият ва танзимдарории мақсадҳо барои баланд бардоштани самаранокии кори корхона ва ноил гаштан ба мақсадҳои асосӣ мебошад.
11.6. Саволҳои санҷишӣ
- Унсурҳои асосии мақсадгузории корхонаро чӣ ташкил медиҳад?
- Зарурият ва моҳияти мақсадгузорӣ ва банақшагириро дар чӣ мебинед?
- Қисмҳои асосии бизнес-нақшаро шарҳ диҳед.
- Моҳияти банақшагириро дар идоракунии корхона чӣ тавр мебинед?
- Кадом роҳҳои иҷроиш ва назорати нақшаро медонед?
- Муҳлат ва шакли нақшаҳо ба кадом омилҳо вобастаанд?
- Кадом модели самараноки барномасозиро медонед?
11.7. Адабиёт
- Сакс Дж.Д., Ларен Ф.Б. Макроэкономика. Глобальный подход/ Пер. с англ. - М.: Дело, 1999.-848 с.
- Попов В.М. Кураков Л.П. и др. Бизнес-план: Волга-Вятский Реч.
Центр: 1996.-262 с. - Клас. Эклунд. Эффективная экономика Шведский модель /Пер. со шведского. - М.: Экономика, 1991.-348 с.
- Гребенников П.И., Пеусский А.И. и др. Микроэкономика. Учебник.
СПб.: 1998.-347 с. - Томпсон А.А., Стикленд А.Дж. Стратегический менеджмент. Учебник.
М.: Банки и биржи 1998.-576 с. - Экономическая стратегия фирмы /Под ред. Градов А.Л. - СПб.: 1995.
- Хасби Д. Стратегический менеджмент - М.: 1998.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо