Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди чанд рўз устод Ғурурбек тасодуфан бо он зан вомехўрад. Мехоҳад чапғалат дода гузарад, лекиин зан пеши роҳашро мегирад.
– Ба шумо ҳазор ташаккур, устод. Шумо шогирди хуб доштед.
– Чӣ, ў шуморо хафа кард? – бо таҳайур мепурсад Ғурурбек.
– Не, не! Баръакс! Эҳ, чизаша мепурсед, ако. Ман ... ман хушбахт ...
... Маълум гашт, ки муовини Ғурурбек Фармонқул ин занро бо марди занмурдаи ҳафтодсолае ошно карда, ба никоҳи онҳо мусоидат менамояд. Зани бесарпаноҳ соҳиби шавҳари бою бадавлат ва манзили обод мешавад. Хушнудӣ ва шукуфтанҳои вай ҳам аз ҳамин ваҷҳ будааст.

«АЗ МУРДАҲО НАТАРСЕД»

Духтарак нимишабӣ аз назди қабристон мегузашт. Атрофу акноф торикистон. Ўро ваҳм зер кард. Ин дам ҷавонмарде аз рў ба рўяш пайдо ва осори тарс аз тани ў дур шуд.
– Илтимос, маро то он тарафи кабристон гузаронед, – гуфт духтар бо илтиҷо.
– Ба ҷонам.
Ҷавон аз паҳлўи рости духтар роҳ гирифт.
– Росташро гўям, ман аз қабристон метарсам, – яхи хомўширо шикаста сухан кард духтар. – Хусусан дар шаби торик.
Гумон мекунам, ки ҳоли ҳозир аз қабристон мурдаҳо баромада ба ман дармеафтанд, ё аз тахтапуштам харпанҷол мезананду лахту пораам мекунанд.
– Аз қабристон натарсед – оҳиста лаб ба сухан кушод ҷавон, сокинони ин ҷо аз бошандагони рўи замин дида боинсофтаранд.
– Чӣ, шумо аз қабристон наметарсед? – пурсид духтар.
– Ман?
– Бале, шумо.
– Ба шумо чӣ гўям... Ҳа, ман ҳам замоне... вақте ки дар рўи замин чун шумо гаштугузор мекардам, аз қабристон метарсидам.
Акнун не.
– Чӣ? Даҳони духтар во монд. Мўи баданаш сих зад, ба сараш оби сард рехтагӣ барин оҳиста аз ҷавон дур шудан гирифт.

пешина
аз 315
навбатӣ