Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одоби салом ба ҷо овардам.
Азбаски сардор набуд, хостам ба ақиб гардам ва дар дафтари кориам омади ўро интизор шавам.
Лекин вай мард аз бом тароша афтидагӣ барин «Ҳой, ист. Ту фалонча нестӣ?» – гуфта пурсид. «Ҳа, хато накардед. Ман фалонча» гуфта посух додам.
– Маро нашинохтӣ?
– Мутаассифона, на.
– Ҳа, ту ҳамин хел-да. Чашмонат равған гиирифтааст.
Инро гуфта он зот якбора ба ҳуҷум гузашт. Яке аз боғ мегуфту яке аз роғ, яке аз гулистон мегуфту яке аз хористон. Ҳамин қадар кўшидам, ки оромаш кунаму ба сулҳ оварам, на, нашуд.
Гап мезаду гап мезад. «Узр, ман саросема» – гуфтанам ҳам фоида накард.
Ниҳоят қаҳру ғазабамро базўр фурў нишонда сафсатаҳои ўро то ба охир гўш кардам. Аз ин мулоқоти бемаънӣ хулоса чунин шуд, ки фурў нишондани қаҳру ғазаб ҳам ҳунар ва дар ин гуна мавридҳо «ҷавоби аҳмақ – сукут» – гуфта хомўширо авлотар донистан беҳтар будааст.
Он мард чун дид, ки ман муҳри хомўшӣ ба даҳан гузоштам ва суолҳою пурсишҳояш беҷавоб монданд, шояд аз хастагӣ бошад, лаб фурў баст. Камтар дам гирифту боз мехост ба «ҳуҷум» гузарад... Лекин ба бахти ман сардор ба дафтари кориаш ворид шуду ҷонам халос шуд. Хайрияте ...

КОРИ САВОБ

Дар бинои комиҷроия ҷавонзане бо устод Ғурурбек рў ба рў омада, ўро шинохта рози дил мекунад. Мегўяд, ки «вай дар Ўротеппа ба шавҳар баромада, бахт надид. Ниҳоят аз шавҳар ҷудо шуда ба Душанбе омадааст, то сарпаноҳе ёбаду зиндагии нав оғоз намояд».
Устод Ғурурбек чӣ маслиҳат доданашро надониста фавран мегўяд:
– Медонед-чӣ? Ман саросема. Ба ин масъалаҳо муовини ман Фармонқул машғул. Хоҳиш мекунам, назди ў равед. Мушкилатонро осон мегардонад...

пешина
аз 315
навбатӣ