ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Фарибурз. Эй номвар паҳлавон,
Ҳамеша бизӣ шоду равшанравон.
Маро бину ҷавлони гурзи маро!
Ба тарафи Ҳумон ҳамла мекунад. Ҷанги тан ба тан. Барзу ҳоли зори Ҳумонро дида, зуд назди онҳо ҳозир мешавад. Дар як зум падару писарро таги каш мегираду оварда пеши пои Ҳумон мепартояд.
Барзу. Асирони туянд инҳо!
Чӣ ҷазоеро раво бинӣ, бубин!
Саҳна торик мешавад.
Дарбори Хусрав. Қосид медарояд.
Қосид (ба зону афтода).
Шоҳам! Фарибурзу Тўс асир афтоданд!
Хусрав (аз ҷо ҷаста). Чӣ?
Қосид. Гурзбардоронат бандӣ шуданд, бандии Ҳумон!
Хусрав (даст ба пешонӣ зада).
Оҳ қисмати талх! (Каф ба ҳам мезанад) Дабир!
Дабир. Гўш ба фармони шумоям!
Хусрав. Нома иншо кун, ба номи Рустам,
Ки эй шери шарза, гави некном,
Агар ту наёзӣ бад-ин кор ҷанг,
Кӣ дорад мар-иро дилу ҳушу санг?!
Ба зудӣ бар ин кин миёнро бубанд,
Мабодо ки ин кор гардад баланд.
Саҳна торик ва лаҳзае пас рўшан мешавад. Рустам саросема
ба хаймаи Хусрав ворид мешавад.
Рустам (таъзим карда). Эй шаҳриёр!
Чӣ гуна фитодаст, баргўй кор?
Кӣ будаст ин ҷангро пешрав?
Кӣ будаст ин кинаро боз нав?
Куҷо дид Ҳумон чунон рўзгор,
Ки Тусу Фарибурз гирад шикор,
На Тўру Пашангу на Афросиёб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё