ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
(Ҳарду таъзим мекунанд.)
Тус. Эй пурҳунар, Хусрави комгор,
Ба пирўзии бахту аз фарри шоҳ.
Кунам рўзи бадхоҳ чун шаб сиёҳ.
Намонам, ки як тан аз эшон ба ҷон,
Раҳо ёбад, эй Хусрави комрон!
(Мераванд. Саҳна торик ва баъди лаҳзае боз рўшан мешавад.
Набардгоҳ. Падару писар омодаи ҷанг.)
Тус. Эдар бидон,
Ман инак шавам ҳамчу боди дамон,
Бубинам сипаҳро, ки чанд асту чун,
Чӣ гуна тавонем кардан фузун.
Зи ман бишнав акнун якояк сухун,
Зи тан ҷомаи разм берун макун!
Фаромурз. Ман бо ту оям ба ҳам,
Дили ман макун з-ин сухан пур зи ғам.
Ту танҳо ба Тўронсипоҳ чун шавӣ,
Ба вижа надонам, ки дар хун шавӣ.
Сипоҳе чу дарёи ҷўшон ба ҷанг,
Ҳама тез карда ба кина ду ҷанг.
Шикаст андар орӣ ба эронсипоҳ.
Кунӣ рўзи фархунда бар мо сиёҳ.
( Ин дам аз тарафи дашт хурўше мебарояд, моҳ тира мешавад. Садои шиҳаи аспон баланд мегардад, чангу ғубор ба ҳаво мехезад. Аз як тарафи саҳна Барзу бо чанд тан ҳариф ҷангкунон
ворид мешавад. Падару писар мебинанд, ки ҳама аз зарби шамшери Барзу нақши замин мешаванд).
Тўс. (ба Фаромурз). Эй, писар!
Ҳамоно ки омад замонмон ба сар.
Бад-ин сон чи гуна тавон шуд ба пас,
Шикасте бад-ин сон надидаст кас.
Биё, то бикўшем ҳарду ба ҷанг,
Магар бифканем аз тани хеш нанг.
Бибандем доман ба доман кунун,
Зи душман ба шамшер резем хун.
Кунун ман шавам сўи Барзу ба ҷанг, Ту шав сўи Ҳумон чу шарза паланг!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё