Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман инак, паси ту ҳам андар замон,
Биёрам сипоҳе чу абри дамон.
Аз ин марз то марзи Эронзамин,
Кунам рўйи ҳомун ҳама оҳанин.
Зи Чину зи Мочин сипоҳ оварам,
Ҷаҳон пеши Хусрав табоҳ оварам!
Барзу (шамшер аз наём бароварда бонг мезанад).
Лашкар, ба пеш, ба ҷанги Рустам!

Мусиқии мутантан, садои сум ва шиҳаи аспон...

П а р д а

ҚИСМАТИ ДУВВУМ

Ровӣ. Ба ҳамин тариқ Барзу бо даҳ ҳазор лашкар сўи Эрон, ба ҷанги Рустам равон мешавад. Ин хабарро шунида, Кайхусрав ба Зобулистон, ба Рустам нома менависад. То омадани Рустам байни ду лашкар – сипоҳи Эрон ва Тўрон ҷанги шадиде ба амал меояд, ки дар натиҷа сипоҳи Эрон шикаст мехўрад.

Набардгоҳ. Хусрав Тўс ва писараш Фарибурзро назди худ мехонад.
Хусрав. ...Фардо пагоҳ.
Чу хуршеди тобон барояд зи чоҳ,
Шумо ҳар ду бар сони шери жаён,
Ба кина бибандед яксар миён.
Пазира ҳаме пеши Тўронпаноҳ,
Шаведу бароред гардан ба моҳ.
Гузинед з-ин лашкарам даҳ ҳазор,
Далерони шоистаи корзор.
Бароред ҳам теғи кин аз наём,
Ба жўпину найза бароред ком.
Ман аз пас ба зудӣ биёрам сипоҳ, Сипоҳе ба кирдори абри сиёҳ.

пешина
аз 315
навбатӣ