ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Надиданд ин рўз ҳаргиз ба хоб!
Хусрав. Эй паҳлавони замин!
Зи Ҳумону аз Бормон бок нест,
Дили мо аз эшон чунин чок нест.
Саворе падид омад андар набард,
К-аз осеби аспаш ҷаҳон шуд ба дард.
Аз ин пеш дидем бисёр кас,
Надидем чун ў ба пайкор кас.
Зи Тўрон наёмад дар ин солиён,
Ки дар ҷанг з-ин сон бибандад миён.
Аз ин беш дигар шигифтӣ шунуд,
Мар-он ҳар ду танро зи зин даррабуд.
Ҳаме бурд тозон ба зери бағал,
Ки гурги даранда рабояд ҳамал.
Рустам (баъди лаҳзае андеша, ба Густаҳм)
Эй гави некбахт!
Ҳамоно набошад ба Тўронзамин,
Чу ў номдоре ба Мочину Чин,
Зи баҳри бародар миёнро бибанд,
Набояд, ки бар ҷон-ш ояд газанд.
Ҳарду, шамшер аз наём бароварда, мераванд.
Қароргоҳи Афросиёб. Шаб. Дар ду тараф Барзу ва Пирон.
Дар поён Фарибурзу Тусӣ даступобаста. Афросиёб аз ғалаба сармаст аст.
Аз дили торикӣ чеҳраи Рустам намудор мешавад. Чашми вай
ба Барзу меафтад. Худ ба худ мегўяд:
Рустам. Ин нест аз тухми тур!
Ба Эрону Тўрон чунин номдор,
Надиданд гурдон гаҳи корзор.
Рустам нопадид мешавад.
Афросиёб (ба Тўсу Фарибурз).
Кунун то барорад сипеҳр офтоб,
Бишўяд ҷаҳонро ба зарроби ноб.
Шавад рўи ҳомун пур аз гуфтугўй,
Ду лашкар ба рўй андар оранд рўй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё