ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
овард:
– Хайр, то дидан…
Ба чашмони пуроби зан нигаристу эҳсос кард, ки беш аз ҳарвақта худро барои андешаву беҷуръатиҳои тўлониаш чашми дидан надорад. Ба ҷои дард кашидану худро ошиқи ноком ангоштан бояд барои муҳаббаташ талош мекард, баҳри васли дўстдоштааш ба ҷон мекўшид. Бо хешро ҷавонмард тарошидану шахсе вонамуд сохтан, ки умре азоби ҳиҷрон кашидаву маъшуқаашро фаромўш накардааст, қисмати худро ҳам расво карду ҳаёти Бозгулро ҳам. Охир, ў ҳанўз дўсташ медорад, дўсташ медорад…
Хун ба сараш зад. Бехудона дасти занро гирифту қатъӣ гуфт:
– Биё, биравем, Бозгул!
Зан лабханд кард ва садои маҳинаш аранге ба гўш расид:
– Ин чор бача чӣ мешавад?
– Онҳоро ҳам мебарем!
Бозгул ба аломати инкор сар ҷумбонд.
– Худфиребӣ чӣ даркор, Муродалӣ. Инҳо фарзандони дигар касанд. Ва ҳаргиз ҷигарбанди ту намешаванд. Чӣ лозим аз решаашон кандан онҳоро? Ба хотири он ки понздаҳ-бист сол ту гапи дилатро гуфта натавонистӣ? Не… ҳаётат талхтар мешавад бо мо.
Ҳоло, ки пир нашудаӣ, зан бигиру дўсташ бидор… Дигар наё, илтимос… Дер шуд, дер!
Муродалӣ гумон кард, ки ў ҳамин замон бо фиғон сўи хонааш медавад. Вале Бозгул бо алами аён ба вай менигарист ва фаҳмид, ки оқибат дарди дилашро гуфт, суханҳоеро, ки барои наранҷонданаш то ҳол нагуфта буд, ба забон овард.
…Мошин оҳиста ба пуштаи пурпечутоб мебаромад. Ин роҳи лағжону махуф ҷои эҳтиёт буд, вале Муродалӣ бо алам газро зер мекарду зер мекард. Ана, мошинро як сў партофт. Мон, партояд, мон сарозер равад, майда-майда шавад. Барои чӣ эҳтиёт кунад ў, барои кӣ эҳтиёт кунад худро?!
Харсанги бузурги болои сар ҳам дар назараш наметофту ҷарии бетаги паҳлў ҳам. Агар дар ин пораи роҳ мошине дучор ояд, тамом – тасодум ногувор аст… Вале Муродалӣ суръатро кам намекард, балки онро афзуда қитъаи махуфро бошитоб паси сар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё