ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Қариб дар лаби ҷар, ки бод барфҳоро ба комаш меафканд, ба рама расида, бо як зўр баргардонда дар сойчае ҷамъаш овард. Ва шаби дароз аз хунукӣ ларзида, гўсфандонро ҳар сў тозонду имкон надод, ки ягонтааш рўи барфзор бихобад. Ҳаракат, танҳо ҳаракати пайваста онҳоро аз марги яқин наҷот дод. Ҳаитбой худро фаромўш карда буд, асои чўпониашро алвонҷ дода дар сойча медавиду гоҳ-гоҳ хавотир ба осмони аз гарди барфбод сафед менигарист.
Мамадқул танҳо субҳ бо раҳнамои сагҳо расида омад.
Ҳаитбойро дар ҳоле дарёфт, ки кабкабуд шуда буду базўр лаб меҷунбонд. Ягон соат дер мекард, кӣ медонад он шаби ялдои бехобӣ барояш чӣ сон анҷом меёфт. Аз он пас ў амиқу тўлонӣ месулфид ва чун пештара соатҳо аз паи рама сар-сари кўҳу пушта гашта наметавонист: пояҳояш мадори қалбиро надоштанд…
Муродалӣ нафаҳмид, ки чаро маҳз ин лаҳза он воқеаи деринро ёд овард. Аниқтараш, вонамуд кард, ки нафаҳмид: аз ин ҷо рафтан намехост ў. Ҳамин ки моторро даргиронаду мошинро ба роҳ дарорад, боз як риштаи нозуке, ки ўву Бозгулро мепайвандад, канда мешавад. Чанд тори дигар мондааст аз ин риштаҳо? Агар он шаби тўфонӣ Мамадқул боз каме дер мемонд, Ҳаитбой аниқ ях мебаст ва он гоҳ тақдири ду дилдода ба дигар ранг сурат мегирифт. Муродалӣ аз ин андешааш изо кашид, вале аз сар дур ҳам кардааш наметавонист. Таассуфи ҷонудилсўзе, ки Ҳаитбой зинда монд, зинда монд… вуҷудашро тарк намегуфту самимияти ҳамешагиашро дар ин лаҳзаҳои хайрбод барҳам мезад.
– Вақти рафтан шуд, – Муродалӣ бошитоб дасти Мамадқулро, ки бо ҳамдардии базўр аёне ба ў менигарист, фишурд, хомўшона сўи Хайрӣ, ки дар бари шавҳараш меистод, сар ҷумбонд, сари бачаяконро, ки ҳеҷ рафтанашро намехостанд, сила кард.
Қиссаи паричеҳраву дев анҷом ёфт… девори фурўзон хомўш шуд… вале кӣ мехоҳад, ки олами афсонаро аз даст бидиҳад?
– Хуб, ман рафтам, – ноҳинҷор такрор кард Муродалӣ. – Ҳамин замон торик мешавад. Ҳаворо бинед, ки чӣ хел шуд, шояд барф ҳам биёяд…
Ў оҳиста ба Бозгул, ки дар назди дари мошин меистод, рў

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё