Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо навиштед, ки маро дўст медоред, бе ман зиндагӣ бароятон ҳаром аст. Барои кушоду равшан гуфтан ташаккур. Бале, ман ҳам шуморо дўст медорам, ҳамчун бародарам дўст медорам...
Маннон! Медонед – чӣ, ман барои бародари қаҳрамон, барои бародари ҳамхуни шумо ҳайкал гузоштам, ҳайкали хотира, хотираи фаромўшношуданӣ. Ман ин ҳайкалро болои санги мазори ў нагузоштам. Ин ҳайкал дар дилам, дар тамоми вуҷудам аст.
Бубахшед, дигар гапи мегуфтанӣ надорам...»

«Хотира, хотира, – зери лаб пичиррос мезад Маннон. – Мани аблаҳ. Чӣ носипосие кардам. Вай бародари ман, ҷигари маро гуфта ба худ қавл додааст, ки як умр номи ўро дар лавҳи дилаш нигоҳ дорад. Барояш ҳайкал месозад, ҳайкали хотира, ҳайкал зинда. Ман бошам... Не, не, меравам, узр мехоҳам, сари таъзим мефарорам.»
Маннон бо қатъяти том аз хобгоҳ берун шуд...

Соли 1986.

С У Л Г У Н

Алишер соати ҳашту ним ба кор омад. Ба дарбон салом доду шитобон ошёнаи дуюм баромад. Вале ҳанўз дари утоқро во накарда буд, ки аз поён овози пиразани дарбон ба гўш расид:
– Писарам, ба номи шумо дута тилигром.
– Ба номи ман?
– Ҳа, ҳа, ба номи шумо. Навакак хаткашон оварда ба ман дода рафт.
– Тинҷӣ бошад? – дар тааҷҷуб монд Алишер ва ақиб гашт.
– Ба фикрам ким-кӣ бо ту шўхӣ кардааст, писарам. Хайр, боз худат медонӣ. Ман сарфаҳм нарафтам. – Пиразан инро гуфта чойҷўшро ба даст гирифт. – Якта чой монам. Чой менўшед?
Алишер посух надода хабарномаҳо дар даст осемасар ба коргоҳаш ворид шуд. Борониашро аз тан накашида росто-рост матни хабарномаҳоро зер лаб ҳиҷҷа кард. Хабарномаи нахуст:
«Азизам, Алишер! Рўзи 23 моҳи ноябр бо рейси 2845 аз Ашқобод ба Душанбе мепарам.

пешина
аз 315
навбатӣ