ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Салом Бунафшахон! Саломатиатон чӣ хел? Бори дигар аз шумо узр пурсиданӣ будам.
– Бад не, ташаккур. Чӣ ҷои узрпурсӣ?...
Маннон шармгинона сар хам кард. Дар воқеъ, вай дурўғ мегуфт. Вай барои узрхоҳӣ Бунафшаро ҷустуҷў намекард.
Охир, ба гуфтан забонаш намегардад. Бунафша ҳамон шаби аввал ўро шефта ва сеҳр карда буд. Ана, баъд чӣ будани гапу ҳодисаро фаҳмиду дилаш ба якборагӣ фишурда шуд. Ҳар боре, ки дар бораи Бунафша фикр мекард, симои Малик пеши назараш падидор мегашт. Дилаш боз озурда, хотираш парешон мешуд. Он лаҳзаҳо вай мехост, ки ягон каси бегонаро ҳамроҳи Бунафша набинад... Агар бинад, барои вай фоҷиаи калон аст. «Девор афтад, дарун афтад» – мегўянд. Чаро гузорам, ки ў бо одами дигар ҳамхона шавад? Ҳаргиз! Ман ба ин роҳ намедиҳам. Вай бояд азони ман шавад. Лекин инро чӣ тавр ба ў фаҳмонам? Агар гўям, чӣ ҷавоб медода бошад? Лаънат мехонад? Не. Хайр, ҳарчӣ бодо бод».
– Медонед – чӣ, Бунафшахон, – гапашро дона-дона кард Маннон, – имшаб нахобида фикр карда баромадам. Ба хулосае омадам, ки шумо... Не, наметавонам. Агар хоҳед, ба воситаи мактуб ҳамаашро менависам. Чӣ гуфтед?
– Ихтиёратон. Барои ман фарқе надорад...
– Ин тавр бошад, пагоҳ соат панҷ шуморо дар боғи шаҳр, дар ҳамон ҷои пештара интизор мешавам. Ваъда медиҳед?
– Хуб.
– Ташаккур. Хайр, то пагоҳ.
Маннон рафт. Бунафша аз кафо ба ў дуру дароз нигарист. Боз Малик ба хотираш расид. Дилаш ба дард омада, чашмони бодомиаш лиқи об гирифтанд.
... Бунафша мактуби Маннонро хонда, то дер фикр кард. Ба ў чӣ ҷавоб диҳад? Вай хоҳиш кардааст, ки ҷавобашро тезтар гардонад, ҳарчӣ ки дар дилаш аст, беибо баён созад. Ҳатто агар барои вай гарон бошад ҳам, тоқат мекунад, хафа намешавад.
Бунафша ночор қалам ба даст гирифт ва бо дасти ларзон ин сатрҳоро болои коғаз сабт кард: «Бародари азиз Маннонҷон! (бубахшед, ки ман номаамро ҳамин тавр оғоз кардам). Ҳайронам, гапро аз куҷо сар кунам? Ман шуморо бародар хондаам (хоҳеднахоҳед).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё