Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гуфтани марде ба гўши Малик расид.
Муборизаи одаму об сар шуд. Малик аввал таги об шуда, баъд ба тезӣ болои об баромад. Қулоч кашида – қулоч кашида ба теппа наздик омад. Рост шуд, об ба маҳанаш мерасид. «Малика, дастатро деҳ! – хитоб кард ў. Духтараки хуодҷўсса ҷонсарак ба тарафи Малик даст дароз кард. Вай, дар як даст Малика, ба дасти дигараш шино карда, ба соҳил наздик омад. Ин дам чор-панҷ нафаре, ки аз ҷасорати муаллим қувват гирифта шерак шуда буданд, поёнтар фаромаданд. Маликаро дасти ба даст боло бароварданд. Малик боз худро ба об андохт.
Ҳамин тавр, панҷ маротиба миёни дарё рафта омад. Инак, бори охирин... Ба пайкараш гармӣ давид «Хайрият, хайрият шуд...»
– аз дил гузаронд ў хушҳолона. Лекин... Лекин ин дафъа, мардум ҳама баръало диданд, ки теппача ду ним шуда, ана-мана нагуфта Маликро пахш мекунад. Малик ба соҳил наздик шуд.
– Дастатонро диҳед, муаллим, – гуфт марде, ки лаби соҳил меистод.
– Аввал бачаро гиред, – гуфт вай писарбачаи охиринро, ки ба ҳолу вазъе расида буд тарафи пеш тела дода.
Пойҳои писарбача аз об канда шуда буд, ки теппа дукафон шуд ва ҷуссаи Маликро пахш кард.
Оби дамшуда даррандавор ба вай ҳамла овард. Сараш чарх зад. Ин дам пеши назараш Бунафша падид омад, ки гўё ба тарафи ў дасти мадад дароз мекунад. «Бунафша, Бунафшаҷон!» – ин нидо аз қаъри дили ў баланд гашт. Дастони бемадораш аз соҳили умед канда шуданд. Мардум ғирев бардошт. Андаке нагузашта диданд, ки Малик гоҳ боло баромадаю гоҳ ғарқ шуда бо шасти сел поён меравад...

Аз он воқеаи мудҳиш ду сол гузашт. Дар ин байн захмҳои дили Бунафша, Бунафшаи дилшикаста андаке ҳам бошад, шифо ёфта буданд. Вале имрўз баробари дидани Маннон ба қалби садпорааш оташ афтод. «Ў куҷо рафт? Чаро гап назада рафт? – аз худ пурсид ў. – Аҷабо, одамон ин қадар ба ҳам монанд мешудаанд?
Наход, ки дигар ўро набинам?»
Не, дид. Рўзи дигар дид. Дар назди бинои дорулфунун дидаш, ки чизеро меҷўстагӣ барин ба чор тараф менигарад. Чун чашмаш ба Бунафша афтод, аввал тозон, сонӣ чун ҳис кард, ки баъзеҳо ўро назора мекунанд, оҳиста ба вай наздик шуд.

пешина
аз 315
навбатӣ