ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Боду ҳавояш, одамонаш барои ў аллакай азизу гиромӣ гаштаанд...
Яке аз рўзҳои баҳорон буд. Шабона Малик худ аз худ таб баровард. Барои он ки соҳибхонаро ба ташвиш наандозад, як-ду навъи дору истеъмол карда, ба кўрпача печида хобид. То саҳар хобаш набурд. Ҷойгаҳ аз арақ шип-шилта гашта буд. Тамоми узвҳои баданаш зириқ-зириқ месўхт. Мадори аз ҷой хестан надошт. «Наход, ки имрўз ба дарс рафта натавонам?, – зери лаб пичиррос зад ў ва дар дилаш таҳлуқа ҷо гирифт. – Бачаҳо интизор мешаванд.
Ягон муаллим дарс гузарад, нағз – куя. Ба ҳар ҳол, огоҳ кардан лозим».
Малик нимхез шуд. Аз тиреза ба берун нигарист. Қатра-қатра борон мерехт. «Борони баҳорон...» – гуфт хаёлан. Дид, ки писарбачаи соҳибхона сумка дар даст аз дарвоза баромаданист, аввал садо баровард, тирезаро тақ-тақ кард.
– Маҳмудҷон! ... Ба директор гўй, ки муаллим бетоб шудааст.
Омада наметавонад, – таъин кард ў ва худро боз ба ҷойгаҳ партофт. Баъди фосилае ғанабаш бурд.
Як маҳал қиву чуви бачаҳои соҳибхона ўро ба худ овард. «Чӣ гап, Маҳмуд?» – гўён аз ҷояш давида хест.
– Маълим, маълим, – бо талвоса ба хона дохил шуд писарбача.
– Дар байни дарё, талабаҳои шумо... Сел омад, сел омад...
Малик, дардашро фаромўш карда, чолокона аз ҷой бархост, борониашро ба сари китф партофту тозон аз хона баромад. Аз паси одамоне, ки гурўҳ-гурўҳ сўи дара медавиданд, дартоз шуд. Борон шиддат мегирифт, сару рўйро лесида мегузашт.
Соҳили дарё, ки аз тангнои он ба деҳаи ҳамсоя роҳ мегузашт, пур аз одам буд. Онҳо поёнро нишон дода, байни худ ким-чиҳо мегуфтанд. Малик ҳам ба поён нигарист. Нигаристу ҳангу-манг шуд. Дар миёни селоб, дар болои теппачаи алафпўш шаш нафар шогирди ў тарсону ларзон ба ҳам ҷафс шуда рост меистоданд.
Лойоба чор тарафи теппачаро «хўрда» торафт хурдтар мекард. Аз гузаргоҳ ному нишон намонда буд. Аҷоиботаш дар он ки ҳеҷ кас ҷуръати поён фаромадану аз варта наҷот додани талабаҳоро намекард. Малик аввал ба мардуми ҷамъшуда бо ким-чӣ хел ҳиссиёти барои худаш номафҳум нигариста, сипас худро ба поён партофт. Одамон карахт шуданд. Танҳо, «Муаллим, ба ҷонатон раҳм кунед»...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё