Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хомўшии гароне ба вуқўъ пайваст.
Баъд духтар бо кафи дастонаш рўяшро пўшонда ҳиқ-ҳиқ гирист.
– Мебахшед, дили шуморо озор додам. Агар ман инро медонистам, ҳаргиз...
– Не, ин тавр нагўед, – бо овози гиряолуд базўр садо кард Бунафша.
– Гиря накунед, Бунафшахон – дилбардорӣ кард Маннон. – Қисматаш ҳамин будааст. Раҳматӣ ҷони худро ба ҷони шаш нафар гарав монд. – Маннон ин суханҳоро бо овози ларзон, вале бо як ҳисси ифтихор мегуфт. – Бунафшахон! Боз як бори дигар узр.
Шуморо дигар озор намедиҳам, – гуфт ў ва аз ҷой базўр бархоста рафт.
Вохўрӣ бо Маннон ҳушу ёди Бунафшаро ба рўзҳои гузашта, ба воқеае бурд, ки ду сол муқаддам ба вуқўъ омада буд.


Малик як курс аз Бунафша боло мехонд. Шиносоии нахустин, нигоҳҳои аввалин оҳиста-оҳиста рангу тобиши нав гирифта, ҷои худро ба муҳаббати ҳақиқӣ супурданд.
Таҳсил дар дорулфунун ба мисли оби ҷўй, бебозгашт гузашта мерафт. Дарахти муҳаббати онон то рафт чуқуртар реша медавонд. Рўзе расиду Малик донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, барои кор ба яке аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон роҳхат гирифт. Ин тақозои дилаш буд. Дилдодаҳо ҳангоми хайрбод аҳду паймон бастанд, ки баробари мактабро ба итмом расонидан Бунафша ба кор, ба назди Малик меояд ва тўй барпо хоҳанд кард.
Аз рўзҳои аввали кор сар карда Малик мекўшид, ки дониши андўхтаашро ба шогирдон бидиҳад, онҳоро аз ҳар ҷиҳат пухта тарбия кунад. Дере нагузашта заҳматҳояш бор оварданд. Хонандагони синфи ҳафтум, ки ў роҳбарашон буд, нимсолаи аввалро хеле хуб ҷамъбаст намуданд.
Ин барои муаллими ҷавон бахти калон буд. Вай дар бораи худ, дар бораи дастовардҳои нахустинаш пайваста ба Бунафша менавист. Менавишт, ки ба деҳаи кўҳистон омада, хато накардааст.

пешина
аз 315
навбатӣ