Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар тавонӣ, истиқбол гир. Саломат».
Хабарномаи дуввум: «Мўҳтарам Алишер! Рўзи 23 моҳи ноябр бо рейси 2845 аз Ашқобод ба Душанбе мепарам. Бо эҳтиром Сулгун».
«Сулгун!» Ин ном барқвор ба майнаи Алишер зад. «Кадом Сулгун? Аз куҷо? Дар тоҷикӣ чунин ном нест... Пас ў кист? Аз кадом миллат аст?»
Ў борониашро кашида ба мех овехт ва паси миз гузашт. Сар миёни дастон гирифту ба андеша рафт. «Шояд пиразани дарбон ҳақ аст. Ягон шинос аз Ашқобод омадани занамро фаҳмида, шўхӣ карда бошад? Намефаҳмам...»
Ин дам дар кушода ва ҳамкору ҳамутоқи Алишер – Далер ворид шуд. Далер пай бурд, ки авзои Алишер беҷост, сабаб пурсид:
– Ба ними дасти чап хестӣ мегўям.
– Ма, беҳтараш шинос шав. – Алишер хабарномаҳоро пештари Далер тела дод.
Далер сар-сарӣ сатрҳоро хонда табассум гирди лабонаш ҳалқа зад.
– Чӣ механдӣ? – пурсид Алишер ҷигот андохта.
– Набошад гиря кунам буд?
– Сохта набошад?
– Чӣ хел сохта?
– Яъне дидаю дониста ягон кас...
– Ман ҳам дар ҳамин андешаам.
– Росташро гўй, дар Ашқобод ягон шинос надорӣ? – гўё чизеро кашф карда бошад Далер рост ба чашмони Алишер нигарист.
– Дорам. Лекин бо ин ном не. Бахусус аз ҷинси латиф.
– Исто, исто... чанд сол пеш ту ба ман дар бораи як ҷавонзани туркман бисёр бо ҳарорат гап зада будӣ. Ёд дорӣ?
– Не, ёд надорам.
– Дурўғ мегўӣ. Нақли ту бо ҳама майда-чўйдаҳояш дар хотири ман аст.
– Хотири ту зўр бошад, чӣ кор кунам?
– Ман бе шўхӣ гуфта истодаам. Ту сафаратро бо Чехославакия ба хотир дорӣ?
– Ҳа. Лекин, охир, ин кайҳо буд.
– Бале кайҳо буд.

пешина
аз 315
навбатӣ