Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ кас! Лекин қарзи инсонӣ, қарзи ҳамсоягӣ, қарзи одамгарӣ маҷбурам мекунад, ки ба тақдири тую бачаҳои ту бепарво набошам. Мефаҳмӣ, духтари беақл?
– Ба тақдири ману бачаҳои ман кордор нашавед. Шукри худо, ман падару модар, бародару шавҳар дорам. Ва ба ёрии шумо мўҳтоҷ нестам. Монед, аробаамро худам кашам!
– Майлаш, духтарам. Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд!
– Хоҳиш мекунам, хола, маро танҳо гузоред. Барои ғамхориатон ташаккур. Агар ёрии шумо лозим шавад, албатта муроҷиат мекунам…
– Майлаш, духтарам. Бигузор гуфти ту шавад. Лекин, гуфта монам, якравию гарданшахӣ бароят гарон меафтад. Ман гуфтаму ту шунидӣ.
– Илтимос…
– Ёрии ман ба ту ягон вақт не, ана, ҳамин рўз, ҳамин шаб лозим буд… – гуфта пиразан вазнин аз ҷой бархост ва дигар ҳарфе нагуфта, баромада рафт.

Ақрабаки соат сўи як майл мекард. Хона чунон хомўшу ваҳмангез буд, ки садои тақ-туқи соат баръало ба гўш мерасид.
Баробари садои соат садои қалби захмини Адолат ҳам баръало шунида мешуд. Ба назари вай чунин менамуд, ки вақт коҳилона, хеле сусту бемадор пеш меравад. Дам ба соати деворию дам ба соати дасташ менигарист. Бачаҳо кайҳо ба хоб рафта буданд.
Чароғи роҳрав даргирон. Адолат дар хонаи хоб амонат ба лаби кат нишаста, хаёлаш андармони берун, ба оддитарин садо гўшу ҳуш мешуд. Бисёр мехост, ки «меҳмонони нохонда» тезтар, ҳарчи тезтар биёянду «амонаташонро» гирифта раванд ва ўро, фарзандонашро ба ҳоли худ гузоранд. Вай ба ҳама чиз розӣ буд. Дар он лаҳзаҳо ҳатто розӣ буд, ки чизу чораи хонаро бо сўзану риштааш ба онҳо диҳад, танҳо ба ўву фарзандонаш зиёне нарасонанд, шуд.
Чанд бор бархоста, аз як кунҷ ба кунҷи дигари хона, аз он ҷо баромада назди дари даромад мерафту меомад. Гўш ба сўрохи дар бурда, хомўш меистод. Вале садои қадаммонию шарфаи пой ҳеҷ не ки ба гўшаш бирасанд. «Наход ки аз фикрашон гашта бошанд?

пешина
аз 315
навбатӣ