ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ё тарсидаанд, ки ман ба ягон ҷо хабар додаму ин лаҳза милисаҳо роҳи онҳоро поида истодаанд? Не, ба фикрам, аз қабили он хел метарсидагиҳо нестанд онҳо. Гуфтанд-ку: милиса бо мо! Гуфтанд, таъкид карданд, мекунанд, мебиёянд».
Намедонад, бори чандум буд, ки назди дар омада,гўш ба берун дод. Ана, дар ҳамин лаҳза садои паст-паст ба дар расидани ангуштон ба гўшаш расид.
Адолат як қад парид. Ҷонсарак рост шуда, қадаме ба ақиб партофт. Боз гўш дод. Дар ду бори дигар оҳиста садо дод.
Дилаш бенизом метапид, гўё ҳозир ё андактар аз қафаси сина берун мешавад. Ниҳоят Адолат ҷуръате пайдо карда пештар омад ва бо овози ларзон пурсид:
– Кист?
– Мо, одамони худӣ, – бо ҳамон нармӣ аз берун садо омад.
Адолат бо дастони ларзон калидро тоб дод. Дари оҳанин шараққӣ кушода шуд. «Меҳмонони олиқадр» – одамони худӣ бо ҳамон шаклу шамоили динагӣ дохили хона шуданд ва дарро пўшиданд.
– Дарро қулф кунам? – бо овози хирросии сохта пурсид меҳмони қаддарози хароб.
– Чӣ, чойнўшӣ омадӣ? Мегирему меравем! Кушода истад, беҳтар. Фақат ту нигоҳ карда ист!
– Хуб шудааст.
Меҳмони миёнақад зуд чароғи роҳравро «кушту» аз ҷайб чароғи кисагиро бароварда, фурўзон кард.
– Ана, дидӣ, хонумча, мо ваъдахилоф нестем, дар вақти ваъдагӣ ҳозир шудем. Ту тайёрӣ?
– Ҳа, тайёр.
– Канӣ, марҳамат карда ба ман дароз кун, долларшумуриро бисёр нағз мебинам, – гуфт қаддароз.
«Овози шинос. Худоё, дар куҷо шунида бошам, барқвор гузашт аз хаёти Адолат. – Овози ҳамон шумшакл? Не, ба назарам, монанд не. Ё сохта бошад?»
– Ҳа, чиба шах шудӣ? – ин нидо ўро ба худ овард. – Тезтар долларҳоро барор!
– Мана, – Адолат ҳамон бастаеро, ки аз хонаи падар оварда буд, бо ҳамон намуд, ҳатто нашумурдаю надида, ба ў дароз кард.
Мард ҳарисона бастаро гирифта кушоду пулҳоро гирифта рўймолчаро ба як тараф партофт ва ду ангуштонашро ба лаб тар карда, зуд ба ҳисобкунӣ даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё