ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Ҳа, тинҷӣ, хола, – нимғурма посух дод Адолат ва дар дил худро сахт мазаммат кард, ки беҳуда кампирро ба хона хонд. Кореро баҳона карда, аз остона ҷавобашро медод беҳтар буд. Акнун худо зад, боз сар шуд истинтоқ, силу зардов мешавад аз пурсишу кунҷковиҳои кампир.
– Не, духтарам, ту маро фиреб накун. Чашмонат, нигоҳҳоят гуфта истодаанд, ки дурўғ мегўӣ. Маро ба ҷои модар дону росташа гўй. Ногувор бошад ҳам, росташа гўй.
– Намедонам, чӣ гўям, хола. Ҳайронам, шумо аз ман чӣ мехоҳед? Ман ба шумо ягон гапи мегуфтагӣ надорам.
– Не, духтарам, гапи мегуфтагиат бисёр. Ман ҳис мекунам, ки гуфтан мехоҳӣ, дилатро холӣ кардан мехоҳӣ, лекин аз ким-чӣ метарсӣ.
«Аз ҳама бохабар будагӣ барин ин кампир. Ё маро имтиҳон карда истодааст? Пешорўй зада таги диламро фаҳмиданӣ аст. Не, сир бой намедиҳам. Отам чӣ гуфт – ҳатто ба ҳамсояат ҳам даҳон накушо! Агар ба ў дилама холӣ кунам, ақлак шуда «Ин хел нашин, зуд ба ягон ҷо хабар деҳ» мегўяд ва кор мешавад расво. Хубаш, хап мешинам. Даҳони пўшида – ҳазор тилло!»
– Ҳа, духтарам, чаро ба даҳонат об гирифтӣ? Гап зан, охир.
– Бовар кунед, хола, гапе надорам, ҳамааш тинҷ.
– Набошад, чаро хавосат парешон?
– Ҳавоси кӣ парешон нест, хола. Ҳама дар ташвиш, ҳама дар талвоса. Мо ҳам қатори онҳо, – гапро дур бурданӣ шуд Адолат.
– Духтари азиз! Мана гўлу гумроҳ гумон накун. Биё, мушу гурбабозӣ намекунем, фурсат рафта истодааст, – кампир ба ҳуҷум гузашта, дуруштӣ кард: – Маро ба чашми кам мабин, аз таги гап каму беш бохабарам. Туро чунон тарсондаанд, ки ҳеҷ иқрор шудан намехоҳӣ.
– Аз чӣ бохабаред? – Адолат аз хоби гарон бедор шуда, ҷониби кампир теғи нигоҳ кашид.
– Бале, духтарам, каму беш бохабарам!
– Аз чӣ?
– Аз он сире, ки ту пинҳонаш медорӣ!
– Ман сир-пир надорам, хола. Беҳуда худатонро азоб надиҳед. Ва, агар бемалол бошад, маро ба ҳоли худам гузоред.
– Не, ба ҳоли худат намегузорам! – овоз баланд кард пиразан.
– Барои чӣ? Шумо ба ман кӣ мешавед, ки…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё