ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Қулфро шикаста дарро бо пояшон зада медароянд. Ё аз рўи эҳтиёт…»
Дар бори чорум тақ-тақ зада шуд. Адолат аз кат фаромада хилъаташро ба бар карду оҳиста назди дар омад.
– Кист? – пурсид бо овози ларзон.
– Ҳамсояҷон, мебахшед, моем, хавотир нашавед, – шунида шуд овози пасти марди ношинос.
– Кадом ҳамсоя?
– Мо, ҳамсояҷон, аз ошёнаи сеюм. Ба қарибӣ омадем. Мебахшед, дар ин нимишабӣ шуморо бесаранҷом кардем. Телефонатон кор мекунад?
– Ҳа.
– Хоҳиш мекунем, як дақиқа… Писарчаамон дар ҳолати вазнин. Ба духтур телефон кардан лозим.
Адолат хомўш монд ва филфавр аз дил гузаронд: «Ҳамсояи ошёнаи боло… Вай ўро то ҳол надидааст, намешиносад. Дар ин нимишабӣ духтур куҷост? Кушед, ки намебиёянд».
Дар ҳамин андеша буд, ки боз садои ношинос ба гўш расид.
– Шумо, ҳамсоя, аз афташ, тарсида истодаед. Ман инро нағз мефаҳмам. Мову шумо то ҳол шинос нестем. Хайр, чӣ илоҷ: Зорӣ дораму зўрӣ не. Мебахшед, нороҳат кардам…
Адолат баръало ҳис кард, ки соҳиби овоз оҳиста-оҳиста ба ошёнаи боло мебарояд. Дилаш сўхт. «Рост мегўяд. Агар ба тифл ягон гап шавад, аз ман домангир мешаванд, маро бачакуш мегўянд. Майлаш, мекушоям. Бигузор телефон кунад. Духтурро меёбад ё не, вай меояд ё не, кори ман не…»
Адолат ба дар наздик шуда, калидро тарафи рост тоб доду занҷиракро аз ҳалқа ҷудо кард. Дарро кушода, хост ово кунад, «марҳамат, даромада телефон кунед», вале аз паси дар шабаҳе, дар сару рўяш ҷўроби сиёҳ пайдо шуд. Вай ба Адолат имкони овоз баровардан надода, аз гулўяш сахт дошту гашта ба дарун тела дод. Ва ҳамон замон аз боло шабаҳи дигаре бо ҳамон сикаву сурат шитобон поён фуромада, дарро аз дарун пўшид ва калидро тарафи чап тоб дод.
Адолат хост дод занад, вале аз тарс овозаш набаромад.
Шабаҳи аввал чароғи роҳравро хомўш карда, аз кисабағалаш чароғи дастӣ бароварда даргиронд. Он акнун танҳо чеҳраи Адолатро равшан мекард. Шабаҳи аввал – марди қоқи қадбаланд корди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё